Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов омодагиро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Душанбе оғоз намуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки то 3-юми феврал идома хоҳад кард, 32 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 15 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – ҷалб шудаанд.
Асоси дастаи мунтахабро бозигарони бошгоҳи «Барқчӣ»-и Ҳисор ташкил медиҳанд. Зимнан, ин даста дар марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 дар минтақаи Душанбе дар як гурӯҳ бо КМВА (27-уми январ), «Душанбе» (30-юми январ) ва «Шодмон» (2-юми феврал) бозӣ мекунад.
Пас аз анҷоми ҷамъомад дар Душанбе, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии зимистонаи "Ҷоми рушд-2023", ки аз 5-ум то 11-уми феврал дар Минск баргузор мешавад, ба Беларус сафар хоҳад кард.
Ин мусобиқаи анъанавӣ бо иштироки ҳашт дастаи мунтахаби наврасон дар назар аст. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои наврасони Беларус (U-16), Русия (U-17) ва Эрон (U-17) рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Узбекистон (U-17) ва Русия (U-16) дохиланд.
Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат дар “Ҷоми рушд-2023” дар Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имсол дар Тайланд доир мегардад, маҳсуб мешавад.
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17):
Дарвозабонҳо: Суннатулло Исмоилов, Зафари Баҳруллозода (ҳарду аз «Барқчӣ»), Муҳаммад Абдулаҳадов («Панҷшер»);
Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Фарҳод Амирӣ, Баракатулло Неъматуллозода, Шеравган Саидов, Қамариддин Ғаффорзода, Муҳаммадҷон Орипов (ҳама аз «Барқчӣ»), Рустам Ҷалилов («Истиқлол»), Микдод Розиқов («Равшан», Кӯлоб), Мунис Саидов (ГБУ ДО КК ДЮСШ, Краснодар);
Нимҳимоятгарон: Ҳоҷӣ Абдуманнон («Исфара»), Абубакр Сулаймонов, Раббонӣ Камолов, Абубакр Саидов, Билол Бобоев, Меҳрубон Ҳамидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтовар Ғаюров, Аҳмадҷони Абдусаттор, Муҳаммад Қурбонов (ҳама аз «Барқчӣ»), Умед Назризода, Саидалӣ Иброҳимов (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷовидон Хушвахтов («Равшан», Кӯлоб), Муродҷон Ҷалилзода («Ваҳдат»), Олег Скребсов (Сочи);
Ҳамлагарон: Беҳрӯз Хуҷаев («Хатлон»), Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Шаҳбон Наимов (ҳарсе аз «Барқчӣ»), Ориёнмеҳри Нуриддин («Истиқлол»).
Сармураббӣ – Раҳматулло Фузайлов.