Варзишгарони тоҷик Довуд Маҳкамов, Абдумалик Болтаев ва Шаҳбоз Ҳаитов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни муштзанҳои то 22-сола, ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳарсе муштзани тоҷик, ки 23-юми январ дар даври ниманиҳоӣ мағлуб шуданд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегарданд. Дар нимфинал Довуд Маҳкамов дар вазни то 71 кило аз Собирҷон Аккаликов (Қазоқистон), Абдумалик Болтаев дар вазни то 75 кило аз Аълохон Абдуллоев (Узбекистон) ва Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни то 80 кило аз Ҳалимулати Реҳеманду (Чин) шикаст хӯрданд.
Чаҳор муштзани дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд. Абубакр Муродзода дар вазни то 60 кило, ки дар аввалин рақобати худ бар Минг Янг аз Чин ғолиб шуд, дар даври баъдӣ аз Талгат Сиримбетов (Қазоқистон) шикаст хӯрд. Асадбек Маннонов дар вазни беш аз 92 кило дар чорякфинал аз Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон) мағлуб гардид.
Қаблан дар сабқати мардон Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кило дар даври аввал аз Ҷерико Акайлар (Филиппин) ноком шуда буд. Ягона намояндаи Тоҷикистон дар сабқати занон - Бибинишастамо Холова - дар вазни то 60 кило дар даври аввал қувваозмоиро ба Номин Ерден Тусгжаргал аз Муғулистон бохт.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё (ASBC U-22), ки миёни писарону духтарон бори дувум баргузор шудааст, 149 муштзан (95 писар ва 54 духтар) аз 20 кишвари қора - Узбекистон, Камбоҷа, Чин, Индонезия, Ироқ, Қазоқистон, Кувайт, Қирғизистон, Лаос, Малайзия, Муғулистон, Непал, Покистон, Филиппин, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Шри-Ланка, Тоҷикистон, Тайланд ва Ветнам – иштирок доранд.
Барои медалҳои тилои мусобиқот дар даври ниҳоӣ, ки 26-уми январ баргузор мешавад, даҳ муштзан аз Узбекистон, шаш нафар аз Қазоқистон, се кас аз Тайланд, дунафарӣ аз Филиппин ва Чин, якнафарӣ аз Муғулистон, Индонезия ва Камбоҷа мубориза хоҳанд бурд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки моҳи январи соли гузашта дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо иштироки 109 муштзан аз 12 кишвар баргузор шуд, 11 медал (1 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 нафар ба финал роҳ ёфта, як нафар медали тилло гирифт. Муштзани ҷавони тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило бар рақибаш Рустам Урусбек уулу аз Қирғизистон ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.