Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия, гуфтааст, хориҷиён, аз ҷумла тоҷиконе, ки шаҳрвандии ин кишварро доранд, бояд ба ҷанги зидди Украина сафарбар шаванд. То кунун даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги бедалели Русия дар Украина кушта ва ё захмӣ шудаанд. Оё ин гуна даъвати баландмақоми Русия дурусту қонунист?
Меҳмонони барнома: Коршинос Маҳдии Собир аз Русия ва рӯзноманигор Сафват Бурҳонов аз Олмон.
- Ангезаи даъвати Александр Бастрикин чист?
- Соҳибони душаҳрвандӣ бояд чӣ кор кунанд?
- Оё омодаед, фарзандони худро ба ҷанг фиристед?
- Русия додани шаҳрвандияшро осон кард, чаро?
- Дар ин ҳолат тоҷикон бояд чӣ кор кунанд?
Маҳдии Собир: “Ин масъала нав нест. Дар охири моҳи сентябри соли 2022 намояндаи Хадамоти махсуси Русия гуфта буд, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна, муҳоҷирон, ба ҷанг дар Украина сафарбар карда шаванд. Чун, ба гуфтааш, онҳо ба Русия омада, зиндагии обод доранд ва бояд кумак кунанд. Ҳарфҳое, ки аз забони Бастрикин садо дод, бисёр ҷиддӣ аст. Воқеан, дар ҳашт моҳи соли 2022 беш аз 120 ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русияро пазируфтааст.”
Сафват Бурҳонов: “Диди одам бояд аз рӯи мантиқ бошад. Мо, тоҷикҳо, ҷангро дидем. Медонем, чӣ пайомад дорад. Ҷанг чизе нест, ки тарафдорӣ кунем. Чизе нест, ки бародарони мо, шаҳрвандони мо ба онҷо бираванду кушта шаванд ва ё одам кушанд... Ин ҷо ягон некиву бародарӣ нест. Ин як сиёсати чиркине ҳаст, ки пеш аз оғози ҷанг таблиғгарони Русия фаҳмиш ё вожаи “Союзние войска” (нерӯҳои ҳампаймон)-ро бар сари мардум бор карданд. Ба Украина 152 кишвари ҷаҳон кумак мекунад. Русия танҳост ва мехоҳад, бо ворид кардани чаҳор тоҷику узбек ва чор қирғиз бигӯяд, ки мо ҳам нерӯҳои ҳампаймон дорем. Русия мехоҳад, ба ҷинояти худаш пӯшиши ҳуқуқӣ диҳад.”
Маҳдии Собир: “Ман солҳои зиёд дар артиш хидмат кардаам ва медонам, ки ҳолати ҷанг чӣ аст. Аз ин рӯ, тарафдори ҷанг нестам, вале агар комиссариати ҳарбии Русия фарзандони маро даъват кунад, ман чизе гуфта наметавонам.”
Сафват Бурҳонов: “Ман ҷангро интихоб намекунам. Ман фарзандҳои калон дорам. Барои куштану мурдан фарзанд накардам. Барои зистан фарзанд кардам. Ҳар як одам фарзанди худро барои зистан ба дунё овардааст, на барои куштану кушта шудан.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад