Як гӯшаи масҷиди марказии Душанберо вайрон карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як гӯшаи масҷиди марказии шаҳри Душанберо вайрон кардаанд. Таҳоратхона даҳ рӯз пеш тахриб шуд. Намояндагони масҷид 20 январ аз намозгузорон хостанд, дар хонаи худ таҳорат бикунанду сипас барои ибодат биоянд. Баъзе аз сокинон нигаронанд. Мақомот мегӯянд, ба зудӣ таҳоратхонаи нав хоҳанд сохт.