Мино Акбарӣ: "Ҳиҷрат ба ҳаётам таъсири бад дошт" ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Хабарнигор Мино Акбарӣ зери таҳдиду фишор ба тарки Афғонистон маҷбур шуд ва ҳоло барои ташкили рӯзгораш дар Покистон талош дорад. Телевизиони Садои Амрико аз шаҳри Исломобод гузориш медиҳад, ки даҳҳо хабарнигори афғонистонӣ ба мисли Акбарӣ дар ҳоли ногувор ҳастанд.

Пеш аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, Мино Акбарӣ ояндаи дурахшоне дар пеш дошт. Ин бонуи 22-сола дар шабакаи телевизионии “Шамшод”-и Кобул ва радиои вилояти Нангарҳор мушкили занон ва расонаҳои хабариро пайгирӣ мекард. Нӯҳ моҳ пеш Акбарӣ ба монанди даҳҳо хабарнигори дигар аз Афғонистон ба Покистон ҳиҷрат кард.

“Ҳиҷрат ба ҳаётам таъсири бад дошт. Ҳоло бекораму дар Покистон ояндае надорам,” – мегӯяд ӯ.

Дар моҳи августи соли 2021, замони ба сари қудрат омадани Толибон, Акбарӣ корро бас кард ва аз хона берун намеомад, вале таҳдид кам нашуд.

“Ман дар мусоҳибаҳо бо расонаҳои байнулмилалӣ ва конфронсҳои дохили Афғонистон иштирок мекардам. Ҳамчунон барои адолат нисбат ба хабарнигорону занон фаъол будам. Ин буд, ки Толибон ба воситаи телефон борҳо ба ман таҳдид карданд,” – нақл кард ӯ.

Садои Амрико аз маъмурияти Толибон шарҳи ин вазъиятро дархост намуд, вале посухе нагирифт.

Созмони Милал дар моҳи ноябри соли 2022 иброз дошт, ки замони ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон камаш 200 мавриди таҳдиду хушунатро нисбат ба хабарнигорон сабт кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи хабарнигорон мегӯянд, дар давраи ҳукмронии Толибон наздик ба 60 дарсади рӯзноманигорон ва ба вижа занон шуғлу даромадашонро аз даст доданд.

Мино Акбарӣ мегӯяд, “ман ҳамчун паноҳандаи афғонистонӣ аз мушкилҳои зиёд дар Покистон азият мекашам. Чанде пеш озурдаҳол шуда будам, вале бо ёрии давову табибон каме ҳолам беҳтар шуд.”

Бекорӣ ва тарки иҷбории макони зист рӯзноманигорони афғонистониро дар вазъи ногувор гузоштааст.

Брюс Шапиро, ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Амрико, гуфт, “рӯзноманигорони афғонистонӣ шахсони дилшикаста нестанду кор барои онҳо маънии ҳадаф ва тамаркузро дорад. Вақте онҳо якбора корро аз даст дода, тарки ватан маҷбур шуданд, бо зарбаи равонӣ мувоҷеҳ шуданд.”

Бисёре аз рӯзноманигорони афғонистонӣ ба беҳбуди аҳволашон дар Покистон бовар надошта, мехоҳанд, ба Аврупо ва ё Амрико интиқол ёбанд.

Видеоро дар инҷо бинед: