Ҳайати мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон, ки ба Тошканд меравад, эълон шуд

Сармураббии мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон Мустафо Афшорӣ, мутахассиси эронӣ, ҳайати ниҳоии дастаро барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2023 эълон кард.

Ба ҳайати даста 14 бозигар – 3 дарвозабон ва 11 бозигари майдонӣ – дохил шуданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2023 дар Тошканд:

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз «Зебонисо», Душанбе);

Бозигарони майдонӣ: Некӯбахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз «Зебонисо»), Мадина Фозилова (бе бошгоҳ), Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумъахонзода («Хатлон»), Комила Расулова (Мактаби махсуси захираҳои олимпии №27 «Сокол», Москва), Марҷона Файзуллоева («Зебо», Дӯстӣ).

Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар дувумин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2023 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона, ки аз 25-ум то 31-уми январ дар шаҳри Тошканд доир мегардад, чаҳор тими миллӣ - Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон - барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Узбекистон (27-уми январ), Эрон (28-уми январ) ва Қирғизистон (30-юми январ) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Юнусобод» баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2023 аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат мегирад ва дар он ҳар даста се бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои бадастоварда муайян мегардад.

Ёдовар мешавем, аввалин мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA, ки моҳи январи соли гузашта дар Душанбе баргузор шуда буд, бо пирӯзии мунтахаби Эрон хотима ёфт. Эрониҳо дар ҷадвали мусобиқа бо 16 имтиёз мақоми аввалро касб намуда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гардиданд.

Мунтахаби Узбекистон, ки бо 13 имтиёз мақоми дувумро азони худ кард, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Мунтахаби Қирғизистон, ки бо 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, медалҳои биринҷиро соҳиб гашт. Мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуд.