Бар асари афтодани як чархбол дар канори Киев камаш 17 нафар, аз ҷумла вазири корҳои дохилии Украина Денис Монастирский ва муовинаш, Евгений Йенин, кушта шудаанд.
Волии вилояти Киев Олексий Кулеба гуфт, садама рӯзи 18-уми январ дар шаҳри Бровари, тақрибан 20-километрии шимоли шарқи пойтахт, дар наздикии кӯдакистон ва як бинои истиқоматӣ рух дод.
Сардори пулиси миллӣ Иҳор Клименко гуфт, дар натиҷаи садама беш аз бист нафар, аз ҷумла даҳ кӯдак маҷруҳ шуданд. Сабаби садама маълум нест.
Ҳодиса дар ҳоле рӯй дод, ки нерӯҳои Русия ҳамлаи худро дар Баҳмут бештар карда, Киев аз ҳампаймонҳои ғарбияш таслиҳоти пешрафтаи сангин, аз ҷумла тонкҳои муосир, хостааст.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар гузорише гуфт, Баҳмут ва Авдеевка, ки дар онҷо моҳҳо боз даргирии шадид ҷараён дорад, ҳадафи асосии Маскав дар Донетск мемонад. Дар шабонарӯзи гузашта ҳамлаҳо дар Билоҳоривка дар вилояти Луҳанск низ сахттар шудааст.
Русия тайи чанд моҳи охир шаҳраку маконҳои ғайринизомӣ ва зербунёдҳои энержиро нишон мегирад. Дар натиҷа миллионҳо украинӣ дар торикӣ ва сардӣ мондаанд.
Дар ҳамлаи мушакии Русия ба як бинои истиқоматӣ дар Днепр рӯзи 14-уми январ 45 кас кушта шуд. Дар он бино тақрибан 1700 нафар мезистанд.
Андрей Ермак, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Украина, рӯзи 17-уми январ дар Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ (WEF) дар Давоси Швейтсария гуфт, аз моҳи феврали соли гузашта то ин дам беш аз 9000 ғайринизомӣ, аз ҷумла 453 кӯдак, кушта шудаанд. Созмони Милал шумораи қурбониёнро беш аз 7 ҳазор кас ҳисоб кард.
Бо шиддат гирифтани ҳамлаҳои Русия дар шарқи Украина, фармондеҳони баландпояи Амрико ва Украина дар як маҳалли махфӣ дар Лаҳистон мулоқот кардаанд. Ҳукумати Украина аз кишварҳои ғарбӣ мехоҳад, барои муқовимат ба ҳамлаҳои Русия ба Киев кумаки низомии бештар бирасонанд.
Як сухангӯи артиши Амрико гуфт, Марк Миллей, сардори ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Амрико бо генерал Валерий Жалюзний, сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як пойгоҳи низомии наздик дар марзи Лаҳистону Украина гуфтугӯ кардаанд. Мулоқот дар замоне сурат гирифт, ки нерӯҳои Русия ҳамлаву мушакборони шаҳрҳои Украина, бахусус дар шарқи онро зиёд кардаанд.