Талоши Ҷаҳонгир Маҷидов барои дарёфти имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо

Ҷаҳонгир Маҷидов (аз чап аввал), паҳлавони маъруфи тоҷик.

Ҷаҳонгир Маҷидов, варзишгари тоҷик, ба ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳое, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) баргузор мешаванд, даст ёфт ва акнун барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхати олимпӣ мубориза хоҳад бурд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.

Ёдовар мешавем, моҳи ноябри соли 2022 Ҷаҳонгир Маҷидов ва Муллораҷаб Халифаев барои вайрон кардани низоми Федератсияи байналмилалии ҷудо мувақатан аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои IJF маҳрум шуда, имтиёзҳои гирифтаашон дар радабандии ҷаҳонӣ лағв гардид. Ҳардуро IJF барои душаҳрвандӣ дар системи ин ниҳоди ҷаҳонӣ муҷозот кард.

Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ чанд бор Озарбойҷонро муаррифӣ кард, дар низоми IJF номи ин кишвар сабт шудааст. Вале баъдан дар мусобиқоти байналмилалӣ боз аз номи Тоҷикистон ширкат меварзид, ки ин ҳолатро системи IJF ошкор намудааст.

Муллораҷаб Халифаев бошад, қаблан дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешуд, Русияро намояндагӣ мекард ва дар системи IJF номи ин кишвар сабт шудааст. Аммо баъдан дар мусобиқоти IJF аз номи Тоҷикистон иштирок кардааст, ки ин боиси нигаронии Федератсияи ҷудои Русия гардидааст.

Бар асоси дастури Федератсияи байналмилалии ҷудо ба варзишгароне, ки душаҳрвандӣ доранд, иҷоза дода намешавад, ки дар мусобиқоти IJF иштирок кунанд. Бинобар ин, ҳарду варзишгари тоҷик барои вайрон кардани дастури Федератсияи байналмилалии ҷудо огоҳӣ гирифта, имтиёзҳои бадастовардаашон дар радабандии ҷаҳонӣ бекор шуд.

Дар ин бора Федератсияи байналмилалии ҷудо ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол карда буд.

Масъулини ҷудои тоҷик мегӯянд, сабаб танҳо хатои техникӣ ё фаннӣ дар системи бақайдгирии Федератсияи байналмилалии ҷудо аст ва ин масъаларо дар наздиктарин фурсат ҳал хоҳанд кард.

Мушкили Ҷаҳонгир Маҷидов бартараф шуд ва ӯ акнун метавонад дар мусобиқоти IJF барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ талош варзад.

Масъалаи иштироки Муллораҷаб Халифаев дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон бо Федератсияи ҷудои Русия мавриди баррасӣ қарор дорад.