Игор Черевченко сармураббии "Истиқлол" таъйин мешавад

Игор Черевченко.

Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко, фарзанди бозигари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъйин мегардад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сухангӯи бошгоҳи «Истиқлол» Рустам Ҳакимов хабар дод. Вай афзуд, “Игор Черевченко шоми имрӯз, 16-уми январ, тавассути ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе меояд ва бо роҳбарияти бошгоҳ мулоқот мекунад. Баъди шинос шудан бо шарту шароити кор дар дастаи “Истиқлол” қарордод дар бораи ба вазифаи сармураббӣ таъйин шудани Игор Черевченко аз ҷониби ӯ ва раиси бошгоҳ ба имзо мерасад.”

Игор Черевченко 21-уми августи соли 1974 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ мисли падараш дар хатти дифоъ бозӣ мекард ва собиқаи футболбози касбиро соли 1992 дар дастаи “Помир”-и Душанбе оғоз кардааст. Вай то соли 1994 дар ҳайати “Помир” буд.

Черевченко солҳои 1993 -1994 узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Баъди кӯчидан ба Русия муддате дар лигаи дуюм дар ҳайати “Индустрия”-и Обнинск ҳунарнамоӣ кард, аммо бозии хубаш дар хатти дифоъ ӯро хеле зуд ба лигаи олӣ бурд.

Черевченко аз соли 1996 то 2001 дар ҳайати “Локомотив”-и Маскав, баъдан дар “Торпедо”-и Маскав ва “Алания”-и Владикавказ бозӣ кард. Ӯ дар ҳайати “Локомотив” чор бор Ҷоми Русияро ба даст оварда, ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии Русия гардидааст.

Игор Черевченко баъди анҷоми фаъолияти футболбозиаш аз соли 2008 ба ҳайси мураббӣ дар бошгоҳи “Локомотив” кор мекард. Соли 2014 як муддат иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ин даста буд, вале раҳбарияти “Локомотив” дар ниҳоят бо мураббии серб Миодраг Божович қарордод баст. Божович дар моҳи апрели соли 2015, дар пайи чанд нокомии пайиҳами даста истеъфо дод ва Черевченко бори дуюм иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ шуд.“Локомотив” таҳти раҳбарии ӯ Ҷоми Русияро ба даст овард.

Игор Черевченко, ки аз моҳи июни соли 2015 ба “Локомотив” раҳбарӣ мекард, баъд аз ду мусовии тимаш дар ду бозии аввали қаҳрамонии футболи Русия аз вазифааш истеъфо дод.

Моҳи феврали соли 2017 Игор Черевченко бошгоҳи Лигаи миллии футболи Русия - «Балтика»-и Калининградро раҳбарӣ мекард. Дар мавсими 2017/18 «Балтика» дар дивизиони аввал мақоми панҷумро касб намуд.

Игор Черевченко моҳи январи соли 2018 сармураббии дастаи “Арсенал”-и Тула таъйин гардид. Охирин ҷойи кори ин мутахассиси 48-сола бошгоҳи «Химки»-и Русия буд.

Игор Черевченко аз моҳи феврали соли 2022 бекор аст. Ба ӯ якчанд пешниҳод аз бошгоҳҳои Русия ва кишварҳои дигар шуд, аммо вай "Истиқлол"-ро интихоб кард.