Назарбоевро аз мақоми "пешво" ҳам маҳрум карданд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вакилони Қазоқистон қонунеро беэътибор карданд, ки хешовандони Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқро аз масуният маҳрум ва роҳро барои ҷазо додани онҳо боз мекунад. Вакилон рӯзи 13-уми январ бо қабули қарор гуфтанд, дигар Қонун дар бораи раиси ҷумҳури аввалин (элбасӣ) аз эътибор соқит аст.