Тақдири симкортҳо дар Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки 15-уми феврал муҳлати тамдидшудаи сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи нав (пластикӣ) ба поён мерасад. Ба иттилои Хадамоти алоқа, аз ду миллион симкорте, ки соҳибонашон онҳоро аз нав сабти ном накардаанд, 800 ҳазораш ҳанӯз фаъол аст.