Пас аз қаҳрӣ? Раҳмону Ҷабборов суҳбат карда, аз ҳамкорӣ гуфтаанд

Суҳбати телефонии раҳбарони ду кишвар рӯзи 14-уми январ сурат гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизи худ Содир Ҷабборов як суҳбати телефонӣ анҷом додааст, ки аломате аз нармӣ дар муносибатҳои сарди байни ду ҳамсоякишвар дониста мешавад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 14-уми январ бо нашри як баёния хабар дод, ки гуфтугу ба муносибати 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст ва дар рафти суҳбат “ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.”

Яке аз мавзуъҳои асосии суҳбат таъйину аломатгузории марзи байни ду кишвар будааст, ки дар як соли ахир сабаби муноқишаву хунрезӣ ва тираву тор шудани робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон шуд.

Фақат дар рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли гузашта дар натиҷаи низоъ дар сарҳади ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Ҳарду кишвар якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд ва масъаларо то минбари Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид кашиданд.

Муносибатҳои дуҷониба ба ҳадде сард шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар як мулоқот бо миёнҷигарии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо ҳадафи овардан ба созиш ба ҳам даст надоданд.

Ҳоло дар баёнияи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ду тараф аз пешрафт дар музокироти марзӣ гуфтаанд ва суръат гирифтани кори комиссияи байниҳукуматии таъйину аломатгузории марзро зикр кардаанд.

Дар баёния омадааст: “Мавриди зикр аст, ки тайи замони ахир 100,25 километри хатти гузариши марзи давлатӣ муайян карда шудааст. Ба ин манзур хатти сарҳади то имрӯз мувофиқашуда дар маҷмӯъ 625 километр ё 63 фоизи тӯли умумии онро ташкил медиҳад.“

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Қирғизистон низ бо як баёнияи кутоҳ дар бораи мулоқот гуфтааст, “Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ҳалли тамоми масоил фақат аз роҳи сиёсиву дипломатӣ таъкид кардаанд ва гуфтаанд, ки музокироти кумиссиёни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ суръат бахшида шавад.”

Дар ин баёния ҳам омадааст, ки то ҳол 625 километр марзи байни ду кишвар мушаххасу аломатгузорӣ шудааст, ки 63 дар сади тамоми хати сарҳадро ташкил медиҳад.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 300 километри дигар ҳануз бе аломату баҳсбарангез аст. Аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст.