Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2023

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ба ҷамъомади дуюми таълимиву тамринӣ дар Душанбе шурӯъ кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар Олег Кубарев, мутахассиси беларус, ба ин ҷамъомад 28 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагарро даъват намудааст. Ба далели номусоидии ҳаво, даста тамринҳоро дар толори Академияи «Ювентус» дар Душанбе баргузор мекунад.

Футболбозони ҷавони тоҷик пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе рӯзи 19-уми январ ба Анталияи Туркия сафар карда, дар он ҷо дар тӯли як моҳ чанд бозии санҷишӣ низ анҷом медиҳанд.

Зимнан, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1-ум то 18-уми март дар Узбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Урдун (2-юми март), Умон (5-уми март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-уми март) рақобат мекунанд.

Аз рӯи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Узбекистон чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 дар Индонезия хоҳад шуд.

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20):

Дарвозабонҳо: Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Динамо»);

Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо»), Диёрбек Марауфов («Равшан», Зафаробод), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Меҳрубон Каримов (бе бошгоҳ);

Нимҳимоятгарон: Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Ҳамадонӣ Камолов («Паракуэлос Антамира», Испания), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Салоҳиддин Эргашев («Металлург», Узбекистон), Фатҳулло Олимзода, Бежан Нишонбойзода, Азизбек Ҳаитов, Абдулло Шарипов (ҳама аз «Динамо»), Ҳамзаҷон Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашурмамадов (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Равшан», Кӯлоб), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА), Суннатулло Азизов («Динамо»), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (бе бошгоҳ).

Сармураббӣ – Олег Кубарев (Беларус).