Оғози Универсиадаи зимистона дар ИМА, аммо бе иштироки Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ.

Универсиадаи XXX ҷаҳонии зимистона аз 12-ум то 22-юми январ дар шаҳри Лейк-Плэсиди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ширкати 1443 донишҷӯ (832 мард, 811 зан) аз 50 кишвари дунё баргузор мешавад. Вале варзишгарони донишҷӯи тоҷик дар ин Универсиада иштирок намекунанд.

Варзишгарон дар Универсиадаи XXX ҷаҳонии зимистона барои 86 маҷмуи медалҳо оид ба 12 намуди варзиш рақобат мекунанд. Ба барномаи асосӣ 9 намуд дохил аст, инчунин ташкилкунандагони Универсиада боз 3 намуд илова кардаанд. Барои шумораи зиёди медалҳо иштироккунандагон дар намудҳои конкитозӣ ва лижаронӣ мубориза мебаранд, гуфта мешавад дар сомонаи lakeplacid2023.com.

Универсиада чорабиниест, ки онро Ташкилоти байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) баргузор мекунад. Аз соли 1923 то 1957 мусобиқот «Бозиҳои ҷаҳонии донишҷӯён» ном дошт ва танҳо аз соли 1959 номи муқаррарии «Универсиада»-ро гирифт.

Универсиада ба мисли Бозиҳои олимпӣ тобистона ва зимистона мебошад ва дар 2 сол як маротиба доир мегардад. Ба варзишгарони ҷавон талаботи зерин пешниҳод мешавад: донишҷӯи намояндаи кишвар бояд шаҳрванди он бошад, синну сол бояд аз 17 то 28-сола бошад ва иштироккунанда, инчунин донишҷӯи феълии донишгоҳ бошад ё муассисаи таълимиро на пештар аз 1 соли огози мусобикот хатм кунад.

Ба далели вазъи геополитикӣ Кумитаи байналмилалии бозиҳои донишҷӯён тасмим гирифт, ки варзишгарони Русия ва Беларусро аз ширкат дар Универсиада хориҷ намояд. Ҳамчунин, макони баргузории Универсиадаи тобистонаи соли 2023, ки мебоист дар Екатеринбурги Русия баргузор мегардид, ба кишвари дигар интиқол дода шуд. Акнун мусобиқот дар шаҳри Ченгдуи Чин аз 26-уми июн то 7-уми июл баргузор мешавад.

Универсиадаи XXX ҷаҳонии зимистона дар шаҳри Лейк-Плэсиди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то рӯзи 22-уми январ идома хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистона аз 2-юм то 12-уми марти соли 2019 дар шаҳри Красноярски Русия баргузор шуда буд. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиада беш аз 3000 варзишгари донишҷӯ аз 58 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Онҳо барои 76 маҷмуи медалҳо оид ба 11 намуди варзиш, монанди биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижатозӣ, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва ғайра рақобат карданд.

Аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо мунтахаби Русия бо касби 112 медал, минҷумла 41 нишони тилло ҷойгоҳи аввалро азони худ кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 14 медал, аз он ҷумла 6 нишони тилло дар ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби 13 медал, минҷумла 5 нишони тилло дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтанд.

Тоҷикистонро дар Универсиадаи XXIХ ҷаҳонии зимистона чаҳор варзишгар - Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов ва Баракатулло Зокиров - бо раҳбарии раиси Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров, ки раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад, намояндагӣ карда, дар намуди лижаронии кӯҳӣ дар рақобатҳо оид ба слаломи бузург ва слалом ширкат варзиданд.

Дар рақобатҳо оид ба слаломи бузург миёни мардон Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи умумии 2:27.96 (1:11.52 + 1:16.44) мақоми 54-ум ва Баракатулло Зокиров бо натиҷаи умумии 2:29.50 (1:11.67 + 1:17.83) мақоми 55-умро касб намуданд.

Дар рақобатҳо оид ба слалом миёни мардон Соҳибназар Соҳибов бо натиҷаи умумии 2:12.93 (1:04.18 + 1:08.75) ҷойгоҳи 38-умро ишғол кард. Садолати Ибодулло дар сабқати слаломи бузург миёни занон бо натиҷаи 1:32.47 дар байни 71 нафар ҷойи 67-умро соҳиб шуд.