Русия бори дигар фармондеҳии нерӯҳои низомиашро дар Украина иваз кард. Вазорати дифои Русия рӯзи 11-уми январ гуфт, Валерий Герасимов фармондеҳи нерӯҳои он кишвар дар ҷанги Украина таъйин шуд.
Ӯ ҷойгузини Сергей Суровикин гардид, ки ҳамагӣ се моҳ пеш фармондеҳии нерӯҳои Русияро дар ҷанги Украина ба дӯш гирифта буд. Пас аз таъйини ӯ ҳамла ба зербиноҳои энержии Украина оғоз шуд ва ба таври пайдарпай то 31-уми декабри соли 2022 идома кард. Бар асари вайрон шудани зерсохторҳои энержии Украина миллионҳо нафар бе обу бе барқ монданд.
Дар баёнияи Вазорати дифои Русия гуфта шудааст, ки Суровикин яке аз се муовини генерал Герасимов хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин фармондеҳи нерӯҳои ҳавоӣ аст.
Муовинони дигари ӯ яке генерали артиш Олег Салюков, фармондеҳи нерӯҳои заминӣ ва дувумӣ генерал-полковник Алексей Ким, муовини раиси Ситоди кулли артиш аст.
Вазорати дифои Русия гуфт, тасмими ҷойгузинии генерал Валерий Герасимов ба ҷойи Суровикин бо ҳадафи созмон додани "робитаҳои наздик миёни шохаҳои гуногуни нерӯҳои мусаллаҳ ва беҳбуди мудирияти нерӯҳои Русия" рӯйи даст гирифта шуд.
Ин тасмими Вазорати дифои Русия дар ҳоле эълон шуд, ки ҳамакнун ҷангҳо дар шаҳраки Соледар дар Донетск идома дорад. Вазорати дифои Украина гуфтааст, ба нерӯҳои русӣ, аз ҷумла нерӯҳои зархариди ширкати "Вагнер" дар Соледар зарбаҳои захт зад ва "талафоти бузург" ворид кард.
Генерал Герасимов бо интиқоди сахти веблогнависони низомии тарафдори ҷанг бинобар шикастҳои пайдарпай дар майдони набард ва нокомӣ дар ҷанге, ки Маскав интизор дошт бо пирӯзии зудҳангом поён ёбад, рӯбарӯ шудааст.
Русия рӯзи 24-уми феврали соли гузашта ба хоки Украина ҳамла кард. Аз он замон то кунун аз ҳар ду ҷониб ҳазорҳо нафар кушта ва миллионҳо украинӣ беҷо шуданд.
Маскав бо баргузории ҳамапурсии сохта чаҳор минтақаи Украинаро ба қаламраваш шомил кард. Киев ва кишварҳои ғарбӣ ғайриқонунӣ ва хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ донистанд. Амрико ва Аврупо пуштибониашонро аз Украина баён дошта, алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.