Ҷониби Тоҷикистон ва ҳайати IJF роҷеъ ба "Grand Prix Dushanbe-2023" суҳбат карданд

Муовини аввали президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ва роҳбари ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷудо Владимир Барта.

Рӯзи 10-уми январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуд.

Дар мулоқот муовини аввали президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ва роҳбари ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷудо Владимир Барта ҳамкории ду ниҳоди варзиширо баррасӣ карданд.

Зикр шуд, ки имсол дар Тоҷикистон бори аввал дар таърих мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ — Гран-прии ҷудо баргузор мегардад, ки дар он ҳудуди 300 варзишгари зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.

Ширкаткунандагони мусобиқа барои дарёфти имтиёзҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Мусобиқа, ки «Grand Prix Dushanbe-2023» ном гирифтааст, рӯзҳои 2-3-юми июн баргузор мешавад.

Ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн соҳиби 1800 имтиёз мегарданд. Ин шумораи имтиёзҳо барои ба даст овардани роҳҳат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 кӯмак хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол варзишгарони тоҷик дар тамрини дастаҷамъие, ки дар шаҳри Миттерсилли Австрия ҷараён дорад, иштирок мекунанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ 671 варзишгар аз 43 кишвар ширкат меварзад.

Ба дастаи Тоҷикистон Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) шомиланд.

Зимнан, ин чаҳор паҳлавони шинохтаи тоҷик, инчунин Мансур Раҳмон (-90 кг) дар аввалин мусобиқаи мавсими имсола - Гран-прии ҷудо, ки аз 27-ум то 29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Омодагии хуб ба гуштигирони тоҷик имкон медиҳад, ки дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса имтиёзҳои зарурӣ ҷамъ оваранд.