Ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Брешно" қарордоди интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро тамдид карданд. Вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон мегӯяд, ки қарордоди ворид кардани барқ миёни ширкати "Брешно" ва "Барқи тоҷик" барои соли 2023 тамдид шуд.
Ин ниҳод дар "Твиттер"-и худ хабар додааст, ки созишномаро Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва Мулло Муҳаммадҳаниф Ҳамза, масъули ширкати "Брешно" имзо кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими имзои ин созишнома Мулло Абдулатиф Мансур, сарпарасти Вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон иштирок доштааст. Гуфта мешавад, ки дидору мулоқоти масъулини ширкати "Барқи тоҷик" ва "Брешно" рӯзи 10-уми январ дар Туркия сурат гирифтааст.
Ҷузъиёти бештари ин созишнома дастрас нест ва маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2023 ба ҳамсоякишвари худ чӣ миқдор барқ мефурӯшад. Аммо масъулини "Брешно" дар тобистони гузашта гуфта буданд, ки, интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб як баробар зиёд шудааст.
Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" то кунун дар робита ба хабари тамдиди созишномаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон вокуниш нишон надодаанд.
Кобул, яке аз харидорони асосии барқи Тоҷикистон аст. Дар шаш моҳи аввали соли 2022 аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб 734 миллион киловат соат барқ содир шуда буд. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021, 276 миллион киловат соат бештар аст. Он замон гуфта шуд, ки нархи як киловат барқ барои Афғонистон 4,5 сент мебошад. Дар 9 вилояти Афғонистон аз нирӯи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон истифода мекунанд.
Дар моҳи августи соли 2022 масъулини ширкати "Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки тарафи афғонистонӣ то ҳол натавонистааст пули барқро ба пуррагӣ бипардозад. Кишвари ҳамсоя таҳрими бонкҳои худро монеаи пардохти маблағи барқ гуфта буд. Масъулини "Барқи тоҷик" он замон қарзи "Брешно" дар назди ин ширкатро 33 миллион доллар гуфта буданд. Ҳанӯз маълум нест, ки аз он замон то кунун "Брешно" чӣ миқдор аз ин пулро пардохт кардааст.
Тамдиди қарордоди интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳоле аст, ки Душанбе бо ҳокимони нави Кобул робитаи дипломатӣ надорад. Мақомот, аз ҷумла, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, борҳо аз сиёсатҳои гуруҳи Толибон, ки якуним сол аст дар Афғонистон ҳукумат мекунанд, ошкоро танқид кардаанд. Толибон дар пай ба Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад.