"Дар шаҳр ба театр, дар деҳа ба оғил." Наврасон дар таътил чӣ кор мекунанд? ВИДЕО

Хонандаи яке аз мактабҳои Душанбе

Барои наврасони шаҳри Душанбе тамошои барномаҳои театрӣ як бахши барномаи таътили даҳрӯзаи зимистонӣ будааст. Волидоне, ки имкону шароит доранд, талош мекунанд, то фарзандонашонро ба театр баранд.

Дар аксар деҳоти Тоҷикистон, ки макони зисти беш аз 70 дар сади аҳолии кишвар аст, барои хонандагон дар таътилӣ зимистонӣ барномаи мушаххасе вуҷуд надорад.

Дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор хонандаи мактаб аз 1-ум январ ба таътили зимистонӣ баромаданд ва таътили онҳо то 11-уми январ давом мекунад.

Видео дар бораи таътили наврасон дар Душанберо инҷо бинед:

Майсара Ҳошимова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, кӯдаконашро ба тамошои барномаҳои театри "Лӯхтак" бурдааст. Ӯ гуфт, талош дорад, то анҷоми таътил ончизе, ки барояшон аз мактаб таъкид кардаанд, анҷом диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, театрҳои шаҳр барои калонсолон чандон барномаҳои ҷолиб надоранд, вале барои кӯдакон барномаҳои хуб таҳия кардаанд.

На ҳама мисли Майсар имкони кӯдаконашро ба театр бурдан дорад, ба хусус дар деҳоти кишвар, ки театрҳо ва дигар марказҳои дилхӯшӣ барои наврасон вуҷуд надоранд.

Дар деҳоти Тоҷикистон ба хонандагон танҳо гуфтаанд, ки дар таътили зимистонӣ китобҳои бадеӣ хонанд.

Ҷалол Анваров, сокини як деҳаи Ҳисор, ки духтари 10 ва писари 12-солааш дар таътил қарор доранд, гуфт, наврасон бештар дар ин вақт ба волидайн дар корҳои деҳқонӣ кумак мекунанд.

“Китоби бадеӣ мехонанд, вале бештар барои тоза кардани оғил ва хурок додани чорпоён ба мо кумак мекунанд. Мо боғи ангур дорем ва ҳоло боғро тоза мекунем, ки бе ёрдами кӯдакон намешавад. Дар деҳа кӯдакон дастёри мо волидайн ҳастанд,”-гуфт ӯ.

Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар таътил хонандагон ба барномаҳои илмию адабӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, омӯзиши забонҳо ва барои иштирок дар озмунҳои фаннӣ ҷалб мегарданд. Ин ниҳод аз волидон даъват кардааст, дар таътили зимистонӣ фарзандонашонро беназорат нагузоранд.

Дар мактабҳои Тоҷикистон бештар аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. Аксари хонандагон дар шаҳру деҳот, мисли фарзандони Ҷалол Анваров, таътили зимистонаро бо кумак ба волидонашон пушти сар мекунанд.