Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба вазири дифои кишвараш Сергей Шойгу дастур додааст, ки давоми якуним рӯз дар ҷанг бо Украина оташбас эълон кунанд. Дар фармони Путин омадааст, оташбас ба муносибати Мавлуди Исои Масеҳ буда, аз соати 12-и рӯзи 6-уми январ то соати 24-и 7-уми январ идома мекунад.
Аз замони таҷовузи Русия ба Украина ин бори аввал аст, ки Русия оташбас эълон мекунад. Сомонаи Кремл навиштааст, Путин бо пешниҳоди Усқуфи аъзами Русия Патриарх Кирилл оташбас эълон кард. Усқуф Кирилл бинобар ҳимоят аз ҳамлаи Русия ба Украина бо танқидҳои шадиди ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуда буд.
Маскав Украинаро низ ба оташбас даъват кард, вале посухи рад гирифт. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар аввалин вокунишаш гуфт, Путин мехоҳад, бо истифода аз ин иқдом барои идома додани ҷанг омода шавад.
"Ҳоло онҳо мехоҳанд, Мавлуди Исоро ҳамчун сипар истифода баранд, то пешравии сарбозони моро дар Донбасс муваққатан боздоранд ва таҷҳизот, лавозимоти ҷангӣ ва нерӯҳои сафарбаршударо ба мавқеъҳои мо наздик кунанд. Ҳама дар ҷаҳон медонанд, ки Кремл чӣ гуна аз оромии ҷанг истифода мебарад, то ҷангро бо нерӯи нав идома диҳад," -- гуфт Зеленский дар паёми видеоӣ.
Як рӯз пеш Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, бо Путин ва Зеленский телефонӣ суҳбат кард. Соли гузашта бо миёнаравии Раҷаб Таййиб Эрдуғон Русия ва Украина ба созиш расиданд, ки гандум ва ғалладонаҳои дигар аз Украина ба хориҷ содирот шавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонии худ бо Владимир Путин хотирнишон кардааст, ки иваз кардани асирон, талошҳо барои эҷоди минтақаи амн дар атрофи нерӯгоҳи Запорожйе ва кушодани масири содироти ғалладона аз Украина нишон дод, ки гуфтугӯҳо босамар будааст.
Аз замони ҳамлаи Русия ба хоки Украина, Путин борҳо бо пешниҳоди оташбас ва музокира барои сулҳ рӯбарӯ шуд. Дар посух ба ин пешниҳодҳо Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 4-уми январ гуфт, ки Маскав пешниҳодҳоеро аз сӯи шахсиятҳои ҷаҳонии мухталиф барои миёнаравӣ дар ҷанги Украина мегирад, аммо бархе аз "пайи манфиатҳои сиёсӣ"-и худ ҳастанд.
Мария Захарова ба пешниҳодҳое, ки аз сӯи Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия барои миёнҷигарӣ ироа шуд, ишора кард. Вай афзуд, ҷойи тааҷҷуб аст, ки баъзе аз кишварҳо ва афроде, ки пуштибони низомии Украина ҳастанд, худро ҳамчун миёнарав муаррифӣ мекунанд.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия мушаххасан бо ишора ба ҳукумати Италия гуфт, ин кишвар яке аз пуштибонҳои ғарбии Киев ва таъминкунандаи силоҳ барои Украина аст ва бинобар ҳамин, наметавонад миёнарави содиқ ва замонатдиҳандаи барқарории сулҳ бошад.
Ишораи хонум Захарова ба шуморе аз чеҳраҳои ҷаҳонӣ, ки барои миёнаравӣ дар ҷанги ёздаҳмоҳаи Маскав дар Украина ибрози омодагӣ кардаанд, дар ҳоле аст, ки кушта шудани шумораи зиёди сарбозон рус дар рӯзҳои ахир боиси танқидҳо дар дохили Русия шудааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, дар ҳамлаи шаби соли нав ба қароргоҳи нерӯҳои иловагии Русия дар Донетск 89 нафар кушта шуданд. Киев шумораи онҳоро "садҳо нафар" баршумурдааст.