Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон таъин шудааст.
Қарори барканории ӯ аз мақоми муовини аввали сарвазир ва раиси вилояти Хатлон таъин шуданаш расман нашр нашудааст, вале дар ҳукумати ин вилоят хабарро тасдиқ карданд.
Хатлон аз бузургтарин вилояти Тоҷикистон аст ва беш аз се миллион аҳолии кишвар дар ҳудуди ин вилоят зиндагӣ мекунанд.
Ӯ ба ҷои Қурбон Ҳакимзода раиси вилоят шудааст. Ҳакимзода, ки аз соли 2019 раиси вилояти Хатлон буд, вазири кишоварзии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Давлаталӣ Саид аз соли 2013 то кунун муовини аввали сарвазири Тоҷикистон буд. Ӯ замоне ба ин мақом расида буд, ки салоҳиятҳои сарвазирро коҳиш доданд ва аксари вазифаҳояшро муовини аввал иҷро мекард. Давлаталӣ Саидро аз хешони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, медонанд.
Соли 2018 пойгоҳи интернетии "Диссернет" Давлаталӣ Саидро ба асардуздӣ муттаҳам карда буд. Ба навиштаи ин пойгоҳ, Давлаталӣ Саид нисфи кори илмиашро аз олимони рус рӯбардор кардааст. Ӯ худаш ҳеч гоҳ ин мавзуро шарҳ надодааст.
Коршиносон тағйиротҳои кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистонро бештар "ҷойивазкунӣ" меноманд, ки дар натиҷааш чизе тағйир намекунад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба сифати мутахассиси идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2005 дар вазифаи муовин, сардори Раёсати экспертиза ва сардори Идораи саҳҳомигардонӣ, қоғазҳои қимматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2005-2007 аввал дар вазифаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2007-2009 ба ҳайси Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония фаъолият намудааст.