Марги мармузи Абдуқаҳҳор Розиқов "дар ШКД"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола ва соҳиби ду фарзанд шаби 2-юми январ аз тарафи маъмурони милиса дастгир ва дар шароити мармуз ҷон додааст. Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа даргузашт. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Розиқовро "истифодаи зиёди амфетамин" номид.