Варзишгарони тоҷик дар соли 2022 дар мусобиқоти ҷаҳониву минтақаӣ ба як силсила дастовардҳо соҳиб шуда, вале натавонистанд дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои олимпӣ медал ба даст биёранд.
Темур Раҳимов – варзишгари беҳтарини сол
Дастоварди бузурги варзишии соли 2022 ба Темур Раҳимов марбут аст. Ин паҳлавони 25-сола дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин барандаи медали тиллои Grand Slam дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон гардид. Вай ҳамчунин дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо Masters дар шаҳри Йерусалими Исроил дар вазни беш аз 100 кило медали нуқра гирифт, ки ин аввалин медали варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқоти бонуфуз мебошад.
Темур Раҳимов, инчунин имсол барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар вазни беш аз 100 кило дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, медалҳои биринҷии Grand Slam дар шаҳрҳои Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб, Телавиви Исроил ва Анталияи Туркия, медали нуқраи қаҳрамонии Аврупо дар шаҳри Гории Гурҷистон дар ҳайати дастаи “Red Star”-и Сербия гардид.
"Ман аз хурдӣ гуштинро дӯст медоштам. Падарам гуштингир буданд, тағоям гуштингир буданд, аз онҳо ибрат гирифта, соҳаи гуштинро пеш гирифтам. Ман орзу дорам, ки ба мисли Расул Боқиев дар қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ медал ба даст биёрам”, - гуфт Темур Раҳимов ба Радиои Озодӣ.
Дар ҳамин ҳол Темур Раҳимов дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни +100 кг бо 6024 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст.
Мунтахаби Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми Осиё роҳ ёфт
Муҳимтарин рӯйдоди фараҳбахш барои мухлисони футболи тоҷик дар соли 2022 аввалин бор дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтани дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон мебошад. Тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023, ки имсол дар Қатар доир мегардад, ширкат хоҳад кард.
Инчунин соли гузашта дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола ва наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо карданд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) моҳи май дар Тайланд ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) моҳи март дар Узбекистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат меварзанд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бошад, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 хуб бозӣ карда, аз рӯи натиҷагирии мусобиқот ба қатори панҷ дастаи беҳтарини Осиё шомил шуд.
27 сол бе қаҳрамони ҷаҳон дар намудҳои олимпӣ
Варзишгарони тоҷик дар соли 2022 натавонистанд дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои олимпӣ медал ба даст биёранд. Инчунин порсол ягон намояндаи Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш ба гирифтани медали тиллои қаҳрамонии Осиё мушарраф нашуд.
Зимнан, пас аз пирӯзии варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия дигар касе аз Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.
Соҳаи варзиш ба сохтори алоҳида ниёз дорад
Коршиносони соҳа дар «Мизи гирд»-и Радиои Озодӣ барои рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар ва омодагии хуби варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Парижи Фаронса пешниҳодҳои мушаххас карданд.
Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тағйир дода, кумитаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намояд ва ба роҳбарии соҳа мутахассисони пуртаҷрибаву кордон таъйин гарданд. Ҳамчунин маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда, дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад.
Мусобиқоти бузурги варзишии соли 2023
Муҳимтарин чорабинии варзишии соли 2023 Бозиҳои XIX осиёӣ мебошад, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир мегардад. Ин чорабинӣ дар аввал қарор буд, ки соли 2022 баргузор шавад, вале бинобар сабаби пандемияи COVID-19 як сол ба таъхир андохта шуд. Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш ворид гардидааст ва дар якчанд намуд, аз ҷумла бокс, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, камонварӣ варзишгарон имкони дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро доранд.
Рӯзҳои 17-26-уми ноябр дар шаҳрҳои Бангкок ва Чонбурии Тайланд Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 35 намуди расмии варзиш ва ду намуди варзиши намоишӣ дохил аст. Бангкок дорои 13 макон хоҳад буд, ки 123 мусобиқаро баргузор мекунад ва Чонбури - музофоти соҳилӣ, ки бо макони сайёҳии Паттайя машҳур аст, дар 9 иншоот 211 мусобиқа доир хоҳад кард.
Аз чорабиниҳои дигари сатҳи баланди варзишӣ дар соли 2023 Бозиҳои II соҳилии ҷаҳонии ANOC мебошад, ки моҳи август дар Балии Индонезия ба нақша гирифта шудааст ва варзишгарони тоҷик дар сурати ба даст овардани роҳхат имкони иштирок дар ин бозиҳоро пайдо мекунанд.
Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ аз 21-ум то 30-юми октябр дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз – барпо мегардад, ки варзишгарон аз рӯи 15 намуд рақобат хоҳанд кард.
Рӯзҳои 2-4-уми июн бори аввал дар Тоҷикистон Гран-Прии ҷудо баргузор мешавад. Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд. Ҳамчунин, чун анъана дар Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрел) Ниммарафони байналмилалӣ барпо мегардад.
Варзишгарони тоҷик соли 2023 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон оид ба намудҳои гуногуни варзиш, мусобиқаҳои байналмилалии рейтингӣ ва интихобии олимпӣ иштирок хоҳанд кард.