"Хонаамро мегирифтанд, вале бачаамро зинда мегузоштанд" ВИДЕО

Меҳроҷиддин Гадозода. Акс аз бойгонии хонавода

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ним миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб доштанд, беасос донистааст.

"Модару хоҳараш бемор шуданд"

Меҳроҷиддини 33-сола рӯзи 10-уми апрели соли 2021, баъд аз чанд соати боздошт аз сӯи маъмурони милиса, дар шароити мармуз ҷон бохт. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ӯ бо ҳадафи фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои Шуъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ба замин партофтааст. Пайвандонаш қабул надоранд.

Файзулло Гадоев, падари Меҳроҷиддин, рӯзи 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "рафтори кормандони милисаи Ваҳдат" боис ба марги писараш шудааст ва то ҳол "ранҷу азоби рӯҳӣ" мекашад.

"Барои ҳамин, талаб дорем, ки ба фарзандони писарам, ки хурд ҳастанд, ҷуброн бидиҳанд. Дар 65-солагӣ нигоҳубини се кӯдаки ӯ бар дӯши ман афтод. Инҳоро ба воя расондан даркор, хӯрондану пӯшондан лозим. Мо дар як ҳавлии хурд зиндагӣ дорем ва дар ҷое кор намекунем. Баъд аз марги писарам модараш бемор шуд. Хоҳараш ҳам," – афзуд ӯ.

Файзулло Гадоев

Афви афсари милиса ва шарҳи вакил

Дар пайванд ба марги Меҳроҷиддин Гадозода афсари собиқи милиса Хушвахт Файзуллозодаро ба ҷавобгарӣ кашида буданд. Додситонӣ ӯро ба "хунукназарӣ ҳангоми иҷрои вазифа" муттаҳам кард, аммо моҳи ноябри соли 2021 бар асоси қонуни афв парвандаашро баст.

Тибқи иттилои Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон (аз ҳуқуқи хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода ҳимоя мекунад), Додгоҳи ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ ба сабаби афви афсари собиқ талаби ҷубронро рад кардааст. Ҳуқуқшиносони Эътилоф ба Додгоҳи шаҳри Душанбе низ шикоят бурда, вале посухи мусбат нагирифтанд.

Гулчеҳра Холматова, раҳбари гурӯҳи расондани ёрии ҳуқуқии Эътилоф, мегӯяд, тибқи қонун, Вазорати корҳои дохилӣ ба хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода бояд ҷуброн бипардозад. Ӯ рӯзи 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, ки агар корманд зарар расонд, аз буҷети мақомот барқарор карда шавад. Мо ба Суди олӣ аризаи шикоятӣ мефиристем."

Гулчеҳра Холматова

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, кормандонаш Меҳроҷиддин Гадозодаро шиканҷа накардаанд. Намояндаи ин ниҳод ҳангоми мурофиаҳои додгоҳӣ пойфишорӣ намудааст, ки ба пардохти ҷуброн ниёзе нест.

Мақомот моҳи апрели соли 2021 дар баёянияе гуфтанд, "гумонбар Гадозода Меҳриддин Файзулло ҳангоми бурдан ба ошёнаи сеюми бинои ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, бо мақсади гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноӣ аз тирезаи утоқи корӣ якбора худашро ба замин партофт. Ҷароҳат бардошт. Аз ҷониби кормандони милитсия фавран ба беморхона расонида шуд, вале ба ҳалокат расид."

Бинои Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат

Хонаводаи ин ҷавон мегӯянд, парвандаи марги фарзандашон ба таври мунсифона таҳқиқ нашудааст ва омилони шиканҷаи ӯ то ҳанӯз дар озодиянд. Меҳроҷиддин Гадозода, ба қавли падараш, гоҳе аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ ва гоҳе аз ҳисоби нигоҳубини чорвои ҳамдеҳагон пул меёфт ва рӯзгорашро пеш мебурд. Аз ӯ се фарзанд мондааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Падар мегӯяд, агар писарамро намекуштанд, ҷубронашон ҳам лозим намешуд