Пас аз нақзи оташбас миёни ҳукумати Покистон ва Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) дар чанд моҳи пеш, ин кишвар шоҳиди даргирӣ ва таркишҳо будааст. Ин амр ҳоло боиси ихтилоф миёни Покистон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон шуда. Исломобод ба ин назар аст, ки Таҳрики Толибони Покистон аз дохили Афғонистон ин ҳамлаҳоро тарҳрезӣ мекунад. Толибони Афғонистон рад мекунанд.
Вазорати дифои ҳукумати Толибон рӯзи 1-уми январ бо нашри баёнияе ба суханони Рана Саноуллоҳ, вазири корҳои дохилии Покистон, вокуниш нишон дод ва гуфт, "Афғонистон бесоҳиб нест".
Рана Саноуллоҳ рӯзи шанбе дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, метавон алайҳи шахсоне, ки ба Покистон ҳамла мекунанд, иқдом кард. Ӯ дар посух ба ин суол, ки оё ба марказҳои толибони покистонӣ дар Афғонистон ҳамла хоҳед кард, гуфт, "бубинед, дар вақти муносиб аввал ба Афғонистон, ки бародари исломии мост, мегӯем, ин паноҳгоҳҳоро аз байн баранд. Ин мардумро бисупоранд. Агар чунин нашуд, ончи, ки Шумо пештар ба он ишора кардед, мумкин аст."
Дар баёнияи Вазорати дифои ҳукумати Толибон дар ин робита омадааст, "бо вуҷуди нишонаҳои мавҷудияти марказҳои толибони покистонӣ дар дохили худи он кишвар, чунин иддао аз сӯи мақомоти Покистон ба робитаҳои Кобулу Исломобод зарба мезанад".
Мақомҳои Толибон дар ин баёния, изҳороти вазири корҳои дохилии Покистонро "беасос" ва "таҳрикомез" хонда, таҳдид кардаанд, ки омодаи дифоъ аз тамомияти арзӣ ва истиқлоли кишварашон мебошанд.
Мақомоти Покистон нигаронанд, ки аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, ҳамлаҳои террористӣ дар Покистон ду баробар шудааст.
Бар асоси гузориши Маркази мутолеоти сулҳи Покистон, Таҳрики Толибони Покистон аз августи соли 2021 то августи соли 2022 дар ин кишвар ҳудуди 250 ҳамла анҷом додааст, ки дар натиҷаи он 413 нафар кушта ва 719 тани дигар захмӣ шудаанд.
Рӯзи 16-уми апрели соли 2022 ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон ба гумони онки ҷангҷӯёни ТТП дар онҷо қароргоҳ доранд, чаҳор деҳаро дар вилояти Хусти Афғонистон бомбаборон карданд. Бар асари ин ҳамлаҳо беш аз 50 ғайринизомӣ кушта ва ҳудуди 30 каси дигар захмӣ шуданд. Дар зимн, рӯзи 15-уми апрел 1 зан ва 3 кӯдак дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон дар вилояти Кунар ҷон бохтанд.
Таҳрики Толибон Покистон ахиран гуфт, ҳамлаҳои худро дар дохили Покистон ҳамоҳанг мекунад. Мақомоти Покистон аз барнома ва тасмими навашон барои нобудии ТТП дар шароите суҳбат мекунанд, ки ин гуруҳи ҷангҷӯ ҳайати раҳбарии худро эълон кард.
Дар баёнияи матбуотие, ки ин гурӯҳ ба расонаҳо фиристодааст, гуфта мешавад, Абу Мансур Осим ба унвони амир ва Мавлавӣ Салим Ҳаққонӣ ба унвони раиси истихборот муаррифӣ шудаанд. Дар эъломия ТТП ҳамчунин аз сохтори нави худ хабар дода, раисони вилоятҳо ва вазирони ин гурӯҳро дар минтақаи мавриди назари худ таъйин кардааст.