“Гапи Озод”: Соли 2022 ба Тоҷикистон чӣ дод? ВИДЕО   

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, журналист, Мирзонабии Холиқзод, хабарнигори Радиои Озодӣ ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ

Соли 2022 ба поён расид. Номи Тоҷикистон чанд дафъа дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт, аз ҷумла ба сабаби саркӯби эътирозгарон дар Бадахшон; задухӯрд дар сарҳад бо Қирғизистон; боздошту ҳабси ҳафт рӯзноманигор ва танқиди созмонҳои байнулмилалӣ барои нақзи густурдаи ҳуқуқи одамон.

Вале мақомот, аз ҷумла раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ин солро “пурбор” номида, аз беҳбуд ёфтани шароити зиндагии мардум гуфтанд. Дар асл имсол барои Тоҷикистон чӣ соле буд?

Барои баррасии бештар дар барномаи “Гапи Озод” журналисти шинохта Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва раҳбари созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабириро даъват кардем. Аз онҳо пурсидем, ки соли 2022 аз кадом ҷиҳат барои Тоҷикистон муҳим буд?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Аз нигоҳи ман имсол саршумори аҳолӣ ба 10 миллион расид, ки беҳтарин руйдод буд ва албатта, руйдоди дигар «30 солагии Иҷлосияи 16 ум»-и таърихӣ буд, ки давлатдории президентамон Эмомалӣ Раҳмон аз ин шурӯъ мешавад ва дигар рушди иҷтимоии кишвар ба 8 дар сад афзоиш ёфт ва пули миллӣ ҳам мустаҳкам буд. Ва дар робита ба ҳаводиси Афғонистон Тоҷикистон дар мавқеи ягонаи худ буд, дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон неруҳои кишвар тавонистанд аз марз ҳимоят кунанд.”

Муҳиддин Кабирӣ: “Воқеан Тоҷикистон дар ин сол дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор дошт. Намояндаи Созмони милал баъд намояндаи Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон сафар карданд ва чандин мақолаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи авзои кишвар нашр шуданд ва ин ҳама сафарҳо ва мақолаҳо паёми манфӣ доштанд. Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки журналистҳо ва блогеронро дар дохил таъқибу боздошт мекунанд, нишон дода шуд. Ва кишваре, ки ҳукумати марказӣ яке аз минтақаҳои худ, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро саркуб мекунад, генотсидро роҳандозӣ мекунад ва он чизе, ки дӯстон аз дохили кишвар истода вазъро мусбат нишон медиҳанд ва мегӯянд, аҳолӣ ба 10 миллион расидааст. Вале модари тоҷик барои кишварҳои дигар фарзанд ба дунё оварда истодааст. Ҳар рӯз тибқи омори расмӣ 400 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд. Чӣ қадар шаҳрвандии Убекистону Қазоқистону кишварҳои аврупоиро қабул мекунанд, мо намедонем. Азобро модари тоҷик мекашад, вале фоидаи насли тоҷикро кишварҳои дигар мебинанд. Инро мо ҳамчун натиҷаи соли 2022 қабул кунем, на ин ки тарафдорони ҳукумат мехоҳанд, таблиғот баранд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Гапи Озод”: Соли 2022 ба Тоҷикистон чӣ дод?

Радиои Озодӣ: Инҷо аз чанд мушкил суҳбат шуд, вале чаро раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш, ки натиҷагирӣ аз кори як соли ҳукумат аст, дар ин бора ҳарфе назад? Яъне, аз бекорӣ, фирори мағзҳо ва камбуди барқ, ки имсол ҳам идома кард, чизе нагуфт?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: “Паём аслан як дурнамои соли оянда аст ва на нишасти матбуотӣ. Агар аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ҳам бингарем, мо чун як кишвари абарқудрат нестем, дар соҳили уқёнусҳо зиндагӣ надорем. Вале тими ҳукумат нишон дод, ки тавонист аз буҳронҳо ҷилавгирӣ кунад. Вале ин ки раиси ҷумҳур дар паёмаш инҳоро зикр накард, ин ба маъное нест, ки ҳукумат кабудиҳои худро намедонад. Хуб медонад. Чӣ магар Русия камбудиҳояшро намедонад, давлатҳои ғарб намедонанд? Ҳамаи ҳукуматҳо камбудӣ доранд.

Радиои Озодӣ: Шумо ба ин назар, ки Тоҷикистон имсол сиёсати сахтгиронаеро дар қиболи фаъолони маданӣ дошт, чӣ мегӯед?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: “Хуб ҳамаи давлатҳо, ҳукуматҳо аз истиқлолияти кишвари худ дифоъ мекунанд. Ман аз номи мақомот ҳарф зада наметавонам. Вале то андозае, ки ҳар касе дар осиёби ҷанги шаҳрвандӣ об мерехт, аз ҷумлаи соҳибқаламон ҳам муҷозот шуданд ва инро намешавад рад кард. Шояд буданд нафароне, ки дар ҳақашон сахтгирӣ шуд. Дар хусуси ҳодисаҳои Бадахшон буданд блогерҳо ва журналистоне, ки ноогоҳона ва ё огоҳона мехостанд, ки дуюмбора кишварро ба ҷангу муноқишаҳо кашонанд.”

Муҳиддин Кабирӣ: Ин ки паём як дурнамо аст, дуруст аст. Вале ончизе аз даҳони Эмомалӣ Раҳмон мешунавӣ, ин паём нест, балки як пастнамо аст. Раҳмон ҳамеша дар бораи гузашта гап мезанад, дар бораи замони шӯравӣ, дар бораи замони ҷанг, дар бораи ин ки дар гузаштаҳо миллати тоҷик чӣ қадар азоб дошту дар давраи ӯ чӣ қадар хушбахт аст. Эмомалӣ Раҳмон ва қисми таҳсилнокардаи ҷомеа ҳанӯз нафаҳмидаанд, ки мафҳуми паём чӣ аст ва ва ин чӣ санад аст. Ва нафаҳмидаанд, ки як президенти муосир чи гуна амал кунад, вале ҳадафи ин паём пушонидани воқеияти ҷомеа аст. Ва нишон додани як воқеияти сохтае дар баробари чашми мардум, ки ба зиндагии рӯзонааш бовар накунаду ҳарчие, ки президент мегӯяд, ба он бовар кунад.

Тавре Абдуқодир ҳам гуфтанд, паём нишон додани ояндаи миллат аст. Ин зебандаи як ҷомеаи муосир ва президенти муосир нест ва ин паём ҳам нест.”

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: “Ба назари ман ҷаноби Кабирӣ паёмро нахондааст ва на тамошо кардааст. Дар паём дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳо дар бораи бонкҳо гап меравад, дар бораи умумимиллӣ кардани қарзҳои ипотекӣ гап меравад, дар бораи бунёди мактабҳо, беморхонаҳо гап меравад. Дар бораи дурнамои кишвар зикр шудааст."