Беш аз 20 мусофир, аз ҷумла сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов ва чанд блогеру хабарнигор, баъзе аз намояндагони расмӣ ва чанде аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Кувайт шоми 29-уми декабр ба Тоҷикистон омаданд.
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, изҳори умед кард, ки бо ташкили хатсайри мустақим шумори ҷаҳонгардон аз ҳар ду кишвар афзуда, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ рушд хоҳад ёфт. Зубайдов, ки барои роҳандозӣ шудани ин парвозҳо саҳм гузоштааст, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Фурудгоҳи Душанбе гуфт:
“Дар ҳоли ҳозир парвозҳо дар хатсайри Кувайт–Душанбе ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе сурат гирифта, тадриҷан бо афзудани рафту омади мусофирон ба низоми ҳамарӯза гузаронида мешавад.” Ба қавли ин дипломати тоҷик, парвозҳо ба самти як кишваре дар Ховари Миёна василаи дигаре барои кӯмак ба зоирони Макка хоҳад шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кувайт бо Арабистони Саудӣ ҳамсоя мебошад. Нархи билети ҳавопаймо ба ҳарду самт 175 динор, муодили 510 доллар таъин шудааст. Илдар Абубекиров, як мудири “Jazeera Airways” дар Узбекистон ва Тоҷикистон аст. Ӯ, ки дар маросими истиқболи парвози нахустин иштирок кард, мегӯяд, арзиши билет мутобиқ ба шароити камарзиш будани парвозҳо таъин шудааст: “Ширкатҳои ҳавопаймоии локост ё камҳазина маънои онро надорад, ки хизматрасониаш бад аст, шояд фикр мекунанд, ки гарон нест, сифати хизматрасонӣ хуб нест. Ширкати ҳавопаймоии мо панҷситора аст, тайёраҳои мо наванд ва парвоз бароҳат аст. Роҳат, курсиҳои мо кушоданд, аз ин лиҳоз ҳатто барои ман ба ин сину сол нишастан дар ин курсиҳо бароҳат аст.”
Сорбон Ҳамидов, як донишҷӯе, ки дар Кувайт таҳсил мекунад, мегӯяд: “Пештар тавассути давлати Турия ба Узбекистон ё шаҳри Дубай ба Тоҷикистон сафар менамудем. Сафар кардан аз давлати Кувайт ва аз Тоҷикистон ё аз вақти тулониро талаб мекард ва инчунин харҷи сафар гарон буд.” Истиқбол аз роҳандозӣ шудани парвозҳо дар ҳолест, ки миёни Тоҷикистон ва Кувайт низоми виза амал мекунад.
Зубайдов гуфт, миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Кувайт машваратҳое ҷараён доранд, ки шароити гирифтани визаи сафарро танзим мекунад. Феълан, ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд визаи Кувайтро онлайнӣ дарёфт кунанд ва дар оянда эҳтимоли дар фурудгоҳи Кувайт фароҳам шудани роҳи соддаи визагирӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон вуҷуд дорад. Кувайт бо Ироқ ва Арабистони Саудӣ ҳамсарҳад аст. Кишвари содиркунандаи нафт аст. Робитаҳои дипломатии Кувайту Тоҷикистон соли 1995 барқарор шудааст.