Пас аз марги 19 тифл дар Узбекистон, фурӯши "Док-1 Макс" дар Тоҷикистон манъ шуд. ВИДЕО

Бо вуҷуди манъ шудани фурӯши доруи "Док-1 Макс" дар Тоҷикистон, бархе дорухонаҳо ҳамоно онро дар фурӯш нигоҳ медоранд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баъди ҳалокати чанд наврас дар Узбекистон, доруи "Док-1 Макс" аз дорухонаҳои ин кишварро ҳам барчида гирифтанд.

Ба гуфтаи мақомот, дар Тоҷикистон ҳолатҳои марги кӯдакон ба эҳтимоли истеъмоли ин доруи истеҳсоли Ҳинд ба қайд гирифта нашудааст.

Вале мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки то ҳол дар бархе дорухонаҳои Душанбе ва Хуҷанд ин навъ дору фурӯхта мешавад. Баъди истеъмоли доруи "Док-1 Макс" 19 кӯдак дар Узбекистон ҷон дод ва тавлиди ин дору боздошта шуд.

Нурмуҳаммад Гулзода, сардори Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз дорухонаҳои кишвар 55 дона доруи “Док-1 Макс”-ро ҷамъ карда, ба ташхисгоҳ супориданд. “Айни ҳол бошад дар нуқтаҳои фурӯши яклухт умуман фурӯши ин дору ба роҳ монда нашудааст,” - афзуд Гулзода.

Ба гуфтаи сардори идораи назорати фаъолияти фармасевтӣ дар кишвар, доруи “Док-1 Макс” бори ахир соли 2021 аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон оварда шуд.

Дар ҳоле, ки мақомот гуфтанд, доруи “Док-1 Макс”-ро аз фурӯш барчидаанд, вале мушоҳидаи хабарнигорони Озодӣ баръакси инро нишон дод. Рӯзи 30-юми декабр хабарнигорони Радиои Озодӣ дар яке аз дорухонаҳо воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе доруи “Док-1 Макс”-ро бо нархи 30 сомонӣ хариданд. Масъулини дорухонаи “Aslpharm” дар шаҳри Хуҷанд ҳам тасдиқ карданд, ки доруи “Док-1 Макс” дар фурӯш ҳаст. Танҳо масъули яке аз дорухонаҳо дар шаҳри Кӯлоб тасдиқ кард, ки мақомот чанд рӯз пеш доруҳои боқимондаи “Док-1 Макс”-ро аз фурӯш гирифтанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фурӯши давои кушанда манъ шуд, вале ҳанӯз ҳам пайдо кардани он дар дорухонаҳо имкон доштааст

“Док-1 Макс” дар Ҳиндустон тавлид мешавад ва бино ба машварати тиббӣ, он гӯё барои табобати зуком ва паст кардани ҳарорат истеҳсол шудааст. Таваҷҷуҳ ба ин дору баъди ҳалокати кӯдакон дар Узбекистон якбора зиёд шуд, чун хулосаи умумӣ ва пешакии мақомоти тиббӣ дар ин кишвар ҳамин аст, ки сабаби марги кӯдакон истеъмоли доруи “Док-1 Макс” мебошад. Ташхисҳои пешакии лабораторӣ дар Узбекистон нишон додааст, ки дар таркиби сироп ё маҳлули ин дору маводи заҳрогини этиленгликол вуҷуд дорад ва бахусус барои ҷисми кӯдакон хатарнок ба шумор меравад. Рӯзи 22 декабр дар Узбекистон ин дору, ки инчунин ба шакли ҳаб ё таблетка ба фурӯш меравад, пурра манъ шуд.

Мақомоти Узбекистон хабар доданд, ки то рӯзи 30 декабр дар маҷмӯъ 19 кӯдак баъди истеъмоли “Док-1 Макс” ба ҳалокат расидааст. Ба дунболи ин ҳодиса, ширкати ҳиндии "Marion Biotech" тавлиди ин навъ доруро боздошт. Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон хабар дод, ки дар робита ба марги кӯдакон баъд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Мутахассисони тоҷик мегӯянд, доруи “Док-1 Макс” аз оғози солҳои 2000-ум ба Тоҷикистон оварда мешавад ва дар бораи таъсири бади он шикояте дарёфт накардаанд.

Аслиддин Имомзода, масъули ташхисгоҳи Хадамоти назорат дар бахши тандурустии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, “дар бозори фармасевтӣ яке аз доруҳои маъмулӣ мебошад, ки ба таври васеъ истифода мебаранд. Воқеаҳое, ки дар ҷумҳурии ҳамсоя шуда гузашт, дар худамон ин хел ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст ва чунин мушоҳидаҳо ҳам набуд. Ягон бор нисбати сифатнокии ин мавод ягон мушкилӣ ба вуҷуд наомадааст.”

Мақомоти Узбекистон аз рӯзи 22-юми декабр фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ карданд. Дар робита ба марги кӯдакон дар Узбекистон, дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ширкати ҳиндӣ истеҳсоли доруи "Док-1 Макс"-ро қатъ кардМарги 18 кӯдак аз доруи "Док-1 МАКС" дар УзбекистонБаъди марги чанд кӯдак доруи "Док-1 МАКС"дар Узбекистон манъ шуд