Пеле, ситораи футболи ҷаҳонӣ дар 82-солагӣ даргузашт

Футболбози афсонавии бразилӣ Пеле дар синни 82-солагӣ даргузашт. Ин ситораи футбол, ки дар асри гузашта се дафъа дар ҳайати Бразил қаҳрамони ҷаҳон шуд, аз як сол ба ин тараф бо бемории саратон дасту панҷа нарм мекард. Ин беморӣ дар тирамоҳи соли 2021 дар Пеле ошкор шуда буд, ки баъд аз он ситораи 82-солаи бразилӣ аз муолиҷаи кимиётерапевтӣ гузашт, вале баъдан вазъи саломатиаш вазнин шуд.

Пеле - машҳуртарин футболбоз, ягона қаҳрамони секаратаи ҷаҳон (Шведсия-1958, Чили-1962, Мексика-1970) аст. Вай дар ҳайати тими миллии Бразилия 92 бозӣ карда, 77 гол задааст. Аз рӯи шумораи голҳо Пеле то ҳол беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллӣ маҳсуб мешавад.

Шоҳи футбол қисми зиёди карйераи худро дар бошгоҳи “Сантос» (1956-1974) гузаронидааст. Дар ҳайати ин бошгоҳ ӯ ду маротиба Ҷоми Либертадорес ва Ҷоми байниқитъавиро ба даст овардааст. Омори Пеле барои ҳамаи мухлисони футбол назаррас аст: 504 гол дар 496 бозӣ.

Эдсон Арантис ду Насименту 23-юми октябри соли 1940 дар шаҳри Трес-Корасойнс, як шаҳраки хурди ийолати Минас-Жерайс дар Бразилия таваллуд шудааст. Оилаи ӯ камбизоат буд. Падараш Ҷоао Рамос ду Насименту, маъруф бо Флуминенсе Дондинйо, ки худ собиқ футболбоз буд, аввалин мураббии писараш шуд ва баъзе сирри маҳорати варзиширо ба ӯ омӯзонд.

Хонавода аввал ӯро "Дико" меномиданд. Дар солҳои таҳсилаш ба ӯ ба ифтихори бозигари дӯстдоштааш, дарвозабони маҳаллӣ Васко да Гама Биле «Пеле» лақаб доданд. Дар тарҷумаи ҳоли худ Пеле изҳор доштааст, ки ӯ ва дӯстони деринааш намефаҳмиданд, ки ин ном чӣ маъно дорад. Ба ғайр аз даъвое, ки ин ном аз номи Бил омадааст ва дар ибронӣ маънои "мӯъҷиза"-ро дорад, вале ин калима дар забони португалӣ маъное надорад.

Дар синни 7-солагӣ Эдсон дар дастаи кӯдакони маҳаллӣ ба бозӣ шурӯъ кард, ки бо ҳунари воло ва муассири худ дар ҳамла фарқ менамуд. Замоне дастаро собиқ бозигари тими миллии Бразилия Валдемар де Брито мураббигӣ мекард, ки ояндаи Пелеро асосан ӯ пешакӣ муайян сохта буд. Маҳз бо роҳнамоии ӯ Пеле дар бошгоҳи “Сантос” (иёлати Сан-Паулу) дар озмоиш иштирок кард. Ва дере нагузашта Пелеи 15-сола ба ин бошгоҳ пайваст, ки баъдтар машҳури ҷаҳон гашт.

Пеле дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1958 дар Шведсия дар 17-солагӣ ба ҷаҳон муаррифӣ шуд ва он замон унвони ҷавонтарин бозикуни таърихи Ҷоми ҷаҳониро ба даст овард. Шӯҳрати Пеле ба ҳадде буд, ки дар соли 1967 гурӯҳҳои ҷангӣ дар Нигерия бо як оташбаси кутоҳ мувофиқат карданд, то ӯ битавонад як мусобиқаи дӯстона ва намоишӣ дар ин кишвар баргузор кунад.

Ӯ ки бо "марвориди сиёҳ" низ шуҳрат дошт, дар соли 2000-уми аз сӯи Федератсияи байналмилалии омор ва арқоми футбол ба унвони беҳтарин бозикуни ҳама давраҳо ва дар соли 1999 аз сӯи маҷаллаи муътабари "France Football" ба унвони беҳтарин бозигари аср интихоб шуд.

Ин ситораи футбол ҳамчунин аз сӯи маҷаллаи мӯътабари Times ба унвони яке аз 100 чеҳраи таъсиргузор ва муҳим дар қарни бистум муаррифӣ шуда буд.

Вақте ки Пеле дар замони президентии Роналд Рейган ба Амрико сафар кард, ин раиси ҷумҳури Амрико буд, ки барои даст додан пешқадам шуд ва гуфт, "ман Роналд Рейган, раиси ҷумҳури Амрико ҳастам, аммо Шумо ниёз нест худатонро муаррифӣ кунед, чун ҳама Пелеро мешиносанд".

Пеле баъд аз хатми фаъолияти ҳирфавиаш ба унвони вазири варзиши Бразил, тоҷири сарватманд, сафири ЮНЕСКО ва СММ низ фаъолият кардааст. Ӯ ҳамчунин чандин нақш дар филмҳо ва серёлҳои телевизионии Бразил бозидааст.