Таниш дар марзи Косово ва Сербистон. Амрико ва Аврупо ба хештандорӣ даъват карданд

Таниш ва нооромӣ дар минтақаҳои шимолии Косово дар моҳҳои гузашта боло гирифтааст. Дар ин минтақа аксаран сербҳо зиндагӣ мекунанд. Косово ва Сербистон ҳамакнун нерӯҳои худро ба ҳолати омодабош даровардаанд. Аврупо ва Амрико аз вазъи пешомада дар минтақа нигаронанд.

Таниш дар шимоли Косово аз аввалҳои моҳи ноябр ва дар пайи коршикании шумори зиёде аз сербҳо дар идораҳои давлатӣ, аз ҷумла, пулису додситонӣ ва додгоҳҳо шиддат гирифт. Масъалаи асосии эътирозҳо, манъи истифода аз рақами мошинҳое аст, ки аз сӯи ҳукумати Сербистон дода шудааст. Ҳукумати Косово ба хотири ин эътирозҳо қарори худро бекор кард.

Рӯзи даҳуми декабр эътирозгарони серб ду гузаргоҳи сарҳадиро байни Косово ва Сербистон бастанд. Пас аз он чанд ҳолати тирандозӣ ба сӯи кормандони пулиси Косово ва посдорони сулҳи байнулмилалӣ дар минтақаҳои марзии ду кишвар гузориш шуд.

Шоми 27-уми декабр гурӯҳе аз аҳолии минтақаҳои марзии Сербистон як шоҳроҳи муҳимро, ки ба тарафи гузаргоҳи марзии ду кишвар меравад, бастанд ва субҳи чаҳоршанбе пулиси Косово ин гузаргоҳро баст.

Дар пайи танишҳо, рӯзҳои охир ду кишвар нерӯҳои худро дар ҳолати омодабош қарор доданд. Милош Вучевич, вазири дифои Сербистон, гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар сарҳад бо ҷумҳурии қисман эътирофшудаи Косово ба ҳолати омодабош даромад.

Ҳамаи воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Сербистон низ ба ҳолати омодагии ҷангӣ гузаронида шуда, зери фармони сардори ситоди артиши он кишваранд.

Ба гуфтаи вазири дифоъ, "ин омодагӣ кишварро ба баландтарин сатҳи иқдоми нерӯҳои мусаллаҳи Сербистон барои ҳифзи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии худ, ҳифзи тамоми шаҳрвандон ва пешгирӣ аз терроризм алайҳи сербҳо дар ҳар ҷое, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, қарор хоҳад дод".

Косово низ 26-уми декабр нерӯҳои мусаллаҳи худро ба ҳолати омодабош гузаронд. Ба гуфтаи мақомоти он кишвар, ин кор ба хотири аз байн бурдани сад(д)ҳое сурат гирифтааст, ки сербҳо дар шимоли Косово ва Метохия сохтаанд.

Ҳукумати Амрико ва Иттиҳоди Аврупо рӯзи 28-уми декабр дар баёнияи муштарак аз Сербистон ва Косово хостанд, аз танишҳои рӯ ба афзоиш пешгирӣ кунанд.

Дар баёния гуфта мешавад, "ҳукумати Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз идомаи таниш дар шимоли Косово нигаронанд. Аз ҳама тарафҳо мехоҳем, бо бурдборӣ чораҳои зарурӣ ва оҷилро барои поён додан ба танишҳо анҷом дода, аз ҳар гуна иқдоми таҳрикомез ва таҳдид парҳез кунанд.2

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар бахши дигаре аз баёнияи худ афзуданд, дар тамоси мустақим ва ҳамкорӣ бо раиси ҷумҳури Сербистон ва нахуствазири Косово талош мекунанд, ба ин бӯҳрон поён диҳанд. Ин баёния меафзояд, "аз ҳукуматҳои Сербистон ва Косово интизор дорем, ки дар ростои манфиатҳои шаҳрвандони худ тамос ва гуфтугӯ бо ҳадафи эҷоди субот ва ҳамкорӣ байни ду кишварро аз сар бигиранд".

Чанд ҳафта пеш вазири корҳои дохилии Косово эълон кард, ки "гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ният доранд дар кори як постгоҳи марзӣ халал эҷод кунанд". Ӯ ҳамчунин эълон карда буд, ки боздошти як рӯзноманигори рус, ки аз марзи Сербистон нияти ворид шудан ба хоки Косоворо дошт, нишонаи он аст, ки Русия аз талошҳои Сербистон барои бесуботӣ дар Косово ҳимоят мекунад.