FIAS тақвими мусобиқоти соли 2023-ро нашр кард

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Акмалиддин Каримов (бо пероҳани кабуд).

Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) тақвими мусобиқоти соли ояндаро нашр кард. Дар ин бора сомонаи расмии FIAS хабар додааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон рӯзҳои 10-12-уми ноябри соли 2023 дар пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван – баргузор мешавад. Самбочиён аз рӯи барномаи Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ-2023 рӯзҳои 21-30-юми октябр дар Арабистони Саудӣ рақобат мекунанд. Ҳамчунин, мусобиқаи самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ-2023 рӯзҳои 27-29-уми ноябр дар Тайланд доир мегардад.

Аз 12 то 18-уми июн дар Қазоқистон мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнус баргузор мешавад.

- Илова бар ин, дар соли 2023 баргузории ду Ҷоми ҷаҳонии самбо дар назар аст. Онҳо дар Қирғизистон ва Сербия барпо мегарданд. Ҷумҳурии Корея, дар навбати худ, кишвари мизбони Ҷоми бози Осиё мешавад, ки дар шаҳри Сеул сурат мегирад, - хабар медиҳад FIAS.

Зимнан, мавсими имсола барои самбочиёни тоҷик чандон бобарор набуд, зеро онҳо натавонистанд дар мусобиқаи асосии соли 2022 – қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон иштирок намоянд. Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ рӯзҳои 11-13-уми ноябр дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – баргузор шуд, ки дар он варзишгарони беш аз 50 кишвар ширкат варзиданд.

Чунон ки ба Радиои Озодӣ дар Федератсияи самбои Тоҷикистон гуфтанд, сабаби ба Бишкек нарафтани варзишгарони тоҷик ба муноқишаҳои марзӣ миёни ҳарду кишвар бастагӣ дорад. Бинобар ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба Федератсияи самбои кишвар тавсия додааст, ки барои амнияти варзишгарон аз сафар ба Бишкек худдорӣ намоянд.

Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон мунтазам иштирок карда, ба дастовардҳои бузург ноил шудааст. Се паҳлавони тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов – дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар риштаи самбои варзишӣ ва ду нафари дигар – Сайриддин Икромов ва Эраҷ Раҳимов - дар намуди самбои размӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов, ки соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило медали тило гирифт, ба Радиои Озодӣ гуфт, «ман ба чемпионати ҷаҳон омодагии хуб дидам ва мақсад доштам, ки бори дуюм барандаи медали тило шавам. То ҳоло касе ду бор аз Тоҷикистон дар ин намуд қаҳрамони ҷаҳон нашудааст. Мутаассифона, мо натавонистем, ки ба Бишкек равем. Акнун ба чемпионати ҷаҳон дар соли 2023 умед мебандам.»