Ҷанги сахт дар Бағлон. Ҷабҳа аз кушта шудани ду фармондеҳаш хабар дод

Фармондеҳ Хайрмуҳаммад Хайрхоҳи Андаробӣ дар набардҳои рӯзи 26-уми декабр бо Толибон ҷон бохтааст

Минтақаи Андароби вилояти Бағлон тайи ду рӯзи охир саҳнаи даргириҳои сахт миёни афроди Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҷангҷӯёни Толибон будааст.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон шаби 26-уми декабр дар баёнияе дар Фейсбук навишт, шуморе аз афроди Ҷабҳа, аз ҷумла чанд фармондеҳоро дар роҳи дифоъ аз озодӣ аз даст доданд. Аҳмад Масъуд дар идома гуфтааст, аз мубориза даст намекашанд ва роҳи онҳо идома меёбад.

Сибғат Аҳмадӣ, яке аз сухангӯёни Ҷабҳа, дар Твиттер навишт, "Хайрмуҳамад Хайрхоҳи Андаробӣ ва Ғозӣ Муродӣ, ду фармондеҳи Ҷабҳа то охирин гулӯла дар баробари Толибон ҷангиданд".

Ҳарчанд ӯ теъдоди талафоти Ҷабҳаро зикр накардааст, шуморе аз расонаҳо ба нақл аз манбаъҳо дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ навиштаанд, дастикам 20 нафар аз муқовиматгарон аз сӯи Толибон кушта шудаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ аз ҷумла гузориш доданд, ки Хайрмуҳаммад Хайрхоҳи Андаробӣ ва чанд нафар аз афродаш субҳи 26-уми декабр пас аз даргирии тӯлонӣ бо нерӯҳои Толибон дар минтақаи Тағонак дар вулусволӣ ё ноҳияи Пули Ҳисори Андароб кушта шуданд.

Сибғат Аҳмадӣ дар як ришта паёмҳои твиттерӣ афзудааст, дар бисту чаҳор соати гузашта афроди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Толибонро дар Хинҷ, Тағонак ва Боғдараи Андароб пас заданд ва ба гуфтааш, ба Толибон талафони сангин ворид шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Толибон аз маҳал берун шудаанд.

Холид Амирӣ, яке аз фармондеҳои саршиноси Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки замоне фармондеҳи амалиёти вижаи артиши миллии низоми пешини Афғонистон буд, аз кушта шудани Хайрмуҳаммад Хайрхоҳ ибрози таассуф карда, аз идомаи мубориза дар баробари Толибон сухан гуфт. Толибон то кунун дар бораи даргириҳои Андароби Бағлон ибрози назар накардаанд.

Баъзе аз манбаъҳо аз кушта шудани 29 тан аз афроди Толибон дар ин даргириҳо хабар додаанд. Телевизиони "Ому" ба нақл аз манбаъҳои худ дар Андароб навиштааст, "се ҳавопаймои Толибон 23 ҷасади ҷангҷӯёни худро аз қарияи Хуҷ ба Кобул интиқол дод, шаш ҷасади толиб дар кӯҳҳо монд..."

Бахшҳое аз вилояти Панҷшер, Бадахшон ва Тахор низ пеш аз ин саҳнаи даргириҳои сахт миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ будааст. Гурӯҳи Толибон ба куштани даҳҳо тан аз мардум ба гумони тарафдорӣ аз Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер муттаҳам шудаанд.

Пахши видеоҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ, ки дар онҳо иттиҳоми кушта шудани афроди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва шуморе аз мардуми одӣ аз сӯи Толибон матраҳ шудааст, вокунишҳои зиёдеро барангехтааст.

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон пас аз сафараш дар моҳи октябр ба вилояти Панҷшер дар гузорише ибрози нигаронӣ кард, ки мардум аз бадрафтории Толибон ва нақзи ҳуқуқи башар аз сӯи онҳо, шикоят кардаанд.

Гурӯҳи Толибон дар моҳи августи соли 2021 пас аз фирори президенти вақт Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуд ва қудратро дар даст гирифт. Аз он замон то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашнохтааст. Толибон ба нақзи ҳуқуқи занон, маҳдуд кардани озодии баён ва дар қабзаи як гурӯҳ нигаҳ доштани қудрат, муттаҳам ҳастан.

Тасмимҳои ахири Толибон дар мавриди манъи рафтани духтарон ба донишгоҳҳо ва кори занон дар муассисаҳои ғайридавлатии дохилӣ ва хориҷӣ, вокунишҳои тундеро ба миён овардааст.