"Вокуниш ба қарори Толибон". Қатъи фаъолияти се созмон дар Афғонистон

Се созмони байнулмилалии имдодӣ кори худро дар Афғонистон бас кардаанд. Масъулонашон гуфтанд, тасмими онҳо эътироз ба қарори Толибон аст, ки дар охири ҳафтаи гузашта фаъолияти занонро дар созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ ва хориҷӣ мамнуъ донист.

Шӯрои паноҳандагони Норвегия (NRE), Созмони ҳифозат аз кӯдакон (Save the Children) ва Муассисаи хайрияи Шветсия (CARE) рӯзи 25-уми декабр аз қатъи фаъолияти худ хабар доданд.

Мақомҳои баландпояи СММ ва даҳҳо созмони ғайридавлатӣ ва байнулмилалии фаъол дар Кобул гирдиҳам омадаанд, то дар бораи кори ояндаи худ гуфтугӯ кунанд.

Ин созмонҳо таъкид кардаанд, ки иқдоми Толибон ба фаъолияти башардӯстона дар Афғонистон "зарбаи сахт мезанад”. Дар баёнияи муштарак омадааст, “мо наметавонем, бе ҳамкорони зан ба кӯдакон, занон ва мардони ниёзманд ба кумакҳои башардӯстона дастрасӣ дошта бошем.”

Онҳо таъкид кардаанд, ки муваққатан барномаҳои худро дар Афғонистон қатъ карда, хоҳони он ҳастанд, ки занону мардон ба таври баробар битавонанд ба фаъолиятҳои башардӯстонаи худ дар ин кишвар идома диҳанд.

Вазорати иқтисоди Толибон рӯзи шанбе дар хабарномае кори занонро дар созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ ва хориҷӣ дар Афғонистон "мамнуъ" кард. Ин ниҳод таҳдид намуд, дар сурате ки муассисаҳо ва созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ ва байнулмилалӣ аз ин ҳукм сарпечӣ кунад, иҷозатномаи фаъолияташон бекор карда хоҳад шуд.

Толибон дар чанд рӯзи гузашта ба иловаи манъи занон аз кор, онҳоро аз ҳаққи омӯзиш ва таҳсил дар донишгоҳҳо низ маҳрум карданд.

Сухангӯи дабири кулли СММ дар баёнияе эълон кард, ки Антонио Гуттериш бо ибрози таассуфи амиқ аз иқдоми Толибон таъкид кардааст, ки ин мамнуият фаъолияти созмонҳои имдодрасон ва фаъолиятҳои башардӯстонаро дар Афғонистон ба мушкил дучор мекунад.

Дар ин баёния омадааст, СММ бо ҳамкории созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ ва байнулмилалӣ дар Афғонистон ба беш аз 28 миллион шаҳрванди ин кишвар, ба вижа занон ва духтарон ёрии башардӯстона ироа мекунад.