Дар Хуҷанд роҳи нави маҳви зӯроварӣ ба занро таҷриба мекунанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар шаҳри Хуҷанд масъулин ба ин хулоса омадаанд, ки ҷазо ва ба маҳкама кашидани зӯроварон хушунат дар хонаводаҳоро баръакс зиёд карда, боиси интиқомгирӣ аз занон мешавад. Аз ин рӯ онҳо маркази махсусеро ташкил кардаанд, ки дар он бо зӯроварон дарс мегузаронанд, то аз зулму ситам даст кашанд.