Аксҳои як ҳафтаи ахир аз манотиқи гуногун

Марде бо либоси Бобои Барфӣ дар Бухарест бо кӯдакон сӯҳбат мекунад

Марде дар як хайётии Ҷалолобод бурқа медӯзад  

Дар паи ҳамлаи мушакии Русия ба як муассисаи энержии Украина 

Херсон, Украина. Мулоқоти духтараке бо Бобои Барфӣ

Маросими гулгузорӣ дар сари қабри сарбозе, ки дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар Мироншоҳ, шаҳре дар Вазиристони Шимолии Покистон кушта шуд  

Дар паи ҳамла дар Донетски Украина шишаҳои як беморхона пурра шикастаанд  

Маркази Киев. Оҳанпораҳое, ки барои бастани роҳ истифода мешуд, акнун чун ороишоти солинавӣ истифода мешаванд 

Манзиле дар Херсон аз мушакборонҳо хароб шудааст. Украина

Лоҳур, Покистон. Мардикорон шабонгоҳ ба сӯи бозори кор мераванд  

Эътирозҳо дар Подгоритса, Монтенегро (Черногория). 
 

Президенти Украина Владимир Зеленский ба сарбозе, ки дар шаҳри шарқии Бахмут хидмат кардааст, ҷоиза месупорад  

Маросими бузкашӣ дар Кобул 

Донишомӯзони марди донишгоҳе дар Қандаҳори Афғонистон дар утоқи дарсие нишастаанд, ки то 21-уми декабр макони таҳсили якҷоя бо духтарон буд 

Маскав, 21 декабр. Муҷассамаи Сталин дар сари қабри ӯ. 18 декабри имсол дар Маскав 144-cолагии Сталинро таҷлил карданд

Маркази Тифлис, пойтахти Гурҷистон

Дар Бухарест 33-солагии инқилоби зиддикоммунистиро ҷашн гирифтанд. 21 декабри соли 1989 дар паи эътирозҳо аз ҳукумати Руминия ба раҳбарии диктатор Николай Чаушеску 1100 нафар кушта шуд  

Духтарони донишҷӯ Доншгоҳи Кобулро тарк мекунанд. 21 декабр 

Пешава, Покистон. Зани чӯпон молашро ба чаро мебарад. 22 декабр 

Низомиёни Қирғизистон

Покистон. Масеҳиёни маҳаллӣ дар маросиме бахшида ба Милоди Масеҳ ҷамъ шудаанд  

Дар ин нигористон аксҳое аз минтақаҳое ҷамъ шуданд, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ он ҷо кор мекунанд