Гавҳарбӣ Пиракова - бананпарваре аз ноҳияи Восеъ. ВИДЕО

Кори хонум Гавҳарбӣ Пиракова ҳар субҳ аз нигоҳубини дарахти банан оғоз мешавад. 

Ин меваи тропикӣ имсол аз ҳарсола дида бештар ҳосил додааст. Хонум Гавҳарбӣ 81 осл дорад, ӯ кишоварзи ботаҷриба аст, вале ошноӣ бо мевае, ки дар кишварҳои гарми Осиёву Африқо мерӯяд, тасодуфӣ рӯй дод.

Писараш ҳафт сол пеш аз сафар ба ноҳияи Бохтар як ниҳоли бананро бо худ овард ва ҳаваси дидани ҳосили он бону Гавҳарро ба нигоҳубини дарахти нодир дилгарм кард. Мегӯяд, баъди чанд соли таҷриба, имсол бананаш меваи бисёр дод. Дар поёни моҳи декабр, ҳанӯз барф наборида, ӯ дар фикри аз сармо нигоҳ доштани дарахташ аст.

Гавҳарбӣ Пиракова мегӯяд, қади дарахт баланд аст ва бояд тамоми тани он аз сармо ҳимоят шавад. Аз рӯи маълумоте, ки дар бораи парвариши банан хондааст, бояд онро бо латтаву селлофан бипечонад, то ки то баҳор нобуд нашавад.

Агар ҳафт сол пеш дарахти банани рӯи ҳавлии бону Гавҳарбӣ як дона буд, ҳоло ба даҳ тан расидааст. Ӯ мегӯяд, ҳавои ду соли охир гарм омад ва дарахти банани боғчаи рӯи ҳавлиаш хуб нашъунамо ёфтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гавҳарбӣ Пиракова, бананпарваре аз ноҳияи Восеъ

Гавҳарбӣ Пиракова мегӯяд: “Соли гузашта ҳаво гарм буд, соли аз он пеш ҳам ҳаво гарм буд. Бананҳояш расиданд, акнун сад фоиз нею, хайр, мева доданд. Чидем, дар назди гармӣ гузоштем, расиданд, бачаҳо хӯрданд”.

Парвариши банан ба як саргармии дилхушкунандае барои хонум Гавҳарбӣ Пиракова табдил шудааст. Ӯро ҳаваси дидани нашъунамои ин дарахти зотан бегона барои табиати Тоҷикистон барои нигоҳубини он дилгарм мекунад.

Ҷудо аз ин, бо кӯмаки ҳукумати ноҳияи Восеъ, ӯ дар чор гектар замин боғеро ҳам нигоҳубин мекунад. Дарахтони мевадиҳандаи зиёде дорад ва тамоми рӯзаш бо ҳамин саргамӣ мегузарад. Мегӯяд, аз ин кор ҳеҷ хастагӣ эҳсос намекунад, балки аз кору ҳосилаш дилгарм мешавад. Як нияташ ин аст, ки дар сурати натиҷаи хуб, парвариши бананро дар ҳамин боғаш идома диҳад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Соҳибкоре дар деҳаи дурдасти Ховалинг мактаб сохтДар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мавсими чиниши писта дар авҷ будаастМарҳабо бидуни шуғли доимӣ монд, вале умед ба ояндаи некро аз даст надодааст