Урфу одатҳои тоҷикон онҳоро мекушад? Таҳқиқи мардумшиноси рус дар бораи Қонуни танзим. ВИДЕО

Елена Борисова соли 2017 дар Тоҷикистон будааст ва забони тоҷикиро ҳам медонад.

Имсол аз замони қабули Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон 15 сол гузашт. Қонуне, ки дар байни мардум бо номи танзим маъруф аст ва замони қабулаш баҳси зиёдеро барангехт. Мақомот гуфтанд, ки ҳадафи қонун аз байн бурдани хароҷоти зиёду миёншикан барои мардуми оддӣ аст, вале қисме мегуфт, ки ҳукумат бо ин кор ба зиндагии хусусии мардум дахолат мекунад. Елена Борисова пажуҳишгари Донишгоҳи Манчестери Бритониё, ки як сол дар вилояти Суғд будааст, таҳқиқ кардааст, ки ин қонун то куҷо ба урфу анъанаҳо таъсир гузошт ва масалан арӯсиҳои мардумро ба танзим даровард. Радиои Озодӣ бо ӯ дар бораи ин қонун таҳқиқ суҳбате анҷом дод.

Радиои Озодӣ: Аввал барои ошноӣ андаке дар бораи таҳқиқи худ мегуфтед:

Елена Борисова: "Ман мехоҳам аз усули пажуҳиши худ оғоз кунам, зеро барои он муҳим аст, ки ман чӣ гуна ба хулосаҳои муайян омадам. Метавон гуфт, ки масъалаи танзим дар ҷараёни пажуҳиши ман ногаҳонӣ пайдо шуд. Тирамоҳи соли 2017 ман барои як сол барои таҳқиқи масъалаи муҳоҷират ба ҳайси унвонҷӯ ба Тоҷикистон рафтам. Мехостам бо хонаводаҳое суҳбат кунам, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд ва маҷбуранд дар Тоҷикистон бимонанд ва зиндагии худро ба таври чашмгир тағйир диҳанд. Аз қазо ва бо вуҷуди маҳрум кардани мардуми зиёде аз ҳаққи вуруд ба Русия дар соли 2016, ман ба одамоне, ки дар воқеъ ба ин ҳол афтодаанд, дучор нашудам. Баъдан маълум шуд, ки бисёриҳо роҳи ҳалро ёфта ва дигарбора ба Русия баргаштаанд.

Видеоро инҷо бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Одатҳои тоҷикон онҳоро мекушад?

Бо вуҷуди ин ман ба масъалаи муҳоҷират пардохтам ва тасмим гирифтам, бубинам, ки чӣ гуна муҳоҷират ба зиндагии рӯзмарраи мардум таъсир мегузорад. Дар маҳалле, ки ман кор мекардам, амалан хонаводае вуҷуд надорад, ки касеро дар Русия надошта бошад. Ман аз пажуҳишҳои пешина медонистам, ки муҳоҷират ба харҷу хароҷот дар маросимҳо таъсири бисёр зиёд дорад ва бисёриҳо муҳоҷиронро сарзаниш мекарданд, ки онҳо барои нишон додани мақоми иҷтимоии худ, ё худнамоӣ мунтазам хароҷоти тӯйҳоро зиёд мекунанд. Вақте ман онҷо будам, тағйирот ба Қонун дар бораи расму анъанаҳои миллӣ ҳукми иҷро гирифта буд, ки ман онро “танзим” меномам.

Дар воқеъ, бисёриҳо ин масъаларо баррасӣ мекарданд ва мекӯшиданд, бифаҳманд, танзим алалхусус барои онҳо чӣ маънӣ дорад. Аз ин рӯ ман тасмим гирифтам, яке аз бобҳои китобамро ба масъалаи ҷашнҳои арӯсӣ ва хароҷот дар маросимҳо бахшам. Азбаски ин як масъалаи ҳассос аст, саъй кардам аз мардум зимни мусоҳибаҳо мустақим дар ин бора напурсам ва ба мушоҳидаву гуфтугуҳои расмӣ такя кардам. Ман муддати як сол бо дар Тоҷикистон будам ва бо одамони зиёде дӯст шудам. Ман дар гузоришам дар бораи вазъи Фарҳод менависам, ки номи мустаор буда ва номи воқеии ӯ нест.

Даромади зиёди Фарҳод аз ҳисоби ҳунарнамоӣ дар тӯй ва маросими хатна буд. Дар мавсими ҷашнҳо дар тобистон ӯ гоҳо дар як рӯз се дафъа месароид ва аз ҳамин ҳисоб хонаводаашро тамоми сол таъмин мекард. Зиндагии оила ба қадри кофӣ хуб буд ва Фарҳод барои кор ба Русия намерафт, вале баъди ислоҳи қонуни танзим, онгуна ки шумо медонед, бисёре аз маросиму ҷашнҳоро кам ва ё комилан манъ карданд.

Масалан дигар иҷоза набуд, ки хатнатӯйро бо даъвати меҳмонони зиёд ва ё сарояндагон баргузор кунанд. Даъватномаҳое, ки Фарҳод мегирифт, якбора дар пеши чашми ман кам шуд ва зимистон ӯ тақрибан бе манбаи даромад монд. Ба ғайр аз ин барои духтари ӯ калонии ӯ, ки дар донишгоҳ мехонд, пайваста хостгорон меомаданд ва ӯ намедонист, чӣ кор кунад, чун дақиқ мефаҳмид, ҷашни арӯсӣ чӣ қадар харҷ дорад. Дар ниҳоят ӯ қарор кард, духтарашро ба шавҳар бидиҳад ва ман шоҳиди тамоми омодагиҳои онҳо ба туй, худи тӯй ва иттифоқоти баъди тӯй будам. Ин таҷриба ба ман имкон дод, мустақим бубинам, ки чӣ гуна танзим ба вазъи одамоне, мисли Фарҳод таъсир гузошт ва чӣ гуна мардум саъй мекунанд, дар манофеи гуногуни худ тавозунро риоят кунанду қонунро ҳам помол накунанд.

Қонуне, ки ҳадафаш кумак ба мардум дар кам кардани харҷ дар ҷашнҳо буд, барои Фарҳод натиҷаи баръакс дод. Маълум аст, ки мардуми зиёде аз Тоҷикистон барои баргузории ҷашнҳояшон ва ёфтани пул дар шароити сахте дар Русия кор мекунанд. Фарҳод, ки духтарашро шавҳар доду аз даромад ҳам маҳрум шуд, ночор ба Русия рафт, то қарзҳояшро баргардонад. Қарори рафтан барои осон набуд, зеро онгуна ки мо медонем, ба қавли Фарҳод, “Русия курорт нест.”

НИДОИ НОУМЕДӢ, Ё ЧИЗИ ДИГАР

Радиои Озодӣ: Шумо мегӯед, вақте Фарҳод мехост, дар бораи баргузории туй тасмим бигирад, гуфт, ки урфу одатҳои мо, моро мекушанд. Инро чӣ гуна фаҳмем, нидои ноумедӣ ва ё чизи дигар?

Елена Борисова:”Ин як суоли бисёр хуб аст. Ба фикри ман, чанд маънӣ дорад. Аввал инки дар Тоҷикистон ҳама бори иқтисодиву иҷтимоии тӯйи фарзандонашонро медонанд. Аз ин тараф, ин як нидои ноумедӣ аст. Ба назари ман, дар феҳрасти маросимҳо дар Осиёи Марказӣ ба ин ҷанба таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Ба назари ман, барои дарки печидагӣ ва чандпаҳлу будани вазъ мо бояд аз чаҳорчӯбаи иқтисодӣ берун омада ва васеътар нигоҳ кунем. Вақте Фарҳод мегуфт, ки “анъанаҳои мо моро, мекушанд” фақат бори иқтисодии тӯйро дар назар надошт.

Арӯсӣ дар Тоҷикистон як рӯйдоди бузугре дар зиндагии инсон аст. Бар иловаи мақоми шавҳару занро гирифтани ду нафар, арӯсӣ робитаҳои иҷтимоии наве байни аъзои хонаводаҳо, бародарону хоҳарони арӯсу домод, ҳамсоягон ва ҳамкоронро ба вуҷуд меорад. Бисёриҳо барои баргузории тӯй саҳм мегузоранд. Масалан дар оилаи Фарҳод, тамоми хоҳару бародарони ӯ миқдоре пул ҷамъ карданд. Агар каси дигар ҳам ҷашн медошт, онҳо ба якдигар ҳамингуна кумак мерасонанд.

Мардум аз роҳи хидмат дар ҷашн ҳам дар баргузории ҷашн саҳм мегиранд, аъзои хонавода, ҳамсоягон дар таҳияи дастурхона пешвози меҳмонон мадад мерасонанд. Ҳамаи ин барои нигаҳ доштани иртиботу муносибатҳои хуб байни ин мардум ва на танҳо оилаҳои арӯсу домод мусоидат мекунад. Дар шароите, ки ҳимояти иҷтимоӣ аз сӯи давлат вуҷуд надорад, ин муносибатҳо бисёр муҳиманд, зеро ба инсон кумак мекунад, ҳангоми пеш омадани мушкиле аз якдигар иттилое ба даст оварда ва ё ҳатто дар Тоҷикистон, ё Русия кор ёбанд. Барои ҳамин ин ҷанбаи арӯсиро набояд дасти кам гирифт. Инсонҳо барои ҳифзи робитаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ мекунанд.

Арӯсӣ ҳамчунин оғози ба роҳ мондани иртибот миёни қудоҳо аст ва урфу анъанаҳои пеш аз тӯй, мисли меҳмонӣ рафтану ҳадя бурдан бо ҳадафи он аст, ки байни ду тараф муносибат барқарор карда шавад. Барои ҳамаи ин талошҳои ҷисмонӣ, моддиву маънавӣ зарур аст. Масалан Фарҳод ба ғайр аз хароҷоти молӣ, ҳамчунин бисёр ғам мехӯрд, ки қудо бо духтараш чӣ гуна муносибат хоҳад кард. Ӯ мехост, арӯсиро тавре баргузор кунад, ки ба оила ва тамоми аҳли ҷамоа нишон бидиҳад, воқеан як падари ғамхори духтараш аст. Барои ин бояд ҳама корро бар асоси меъёр ва ё қоида анҷом медод. Вале масъала ин аст, ки ин меъёрҳо иваз мешаванд. Бисёр мушкил аст, ки ҳама қоидаро риоят кард, падари хуб, соҳибхонаи меҳмоннавоз буд, қудоҳоро розӣ нигаҳ дошт ва касеро наранҷонд. Бар иловаи ин ҳама қонунро риоят кард ва воқеан “девона” нашуд. Баъди ҷашни арӯсӣ тамоми оила хаставу монда ва Фарҳод бемор шуд.

Ҷанбаҳои дигари ин гуфта, ки “анъанаҳои мо моро мекушанд” шикоятҳои оммавӣ аз харҷҳои зиёди ҷашнҳо як навъ баёнгари “қаробати фарҳангӣ” аст. Ин ибораро мардумшинос Майкл Ҳертсфелд ба илм ворид кардааст. Ин як воқеияи фарҳангист, ки эҳсоси ноҳинҷориро дар фарде бедор мекунад, ки бо ӯ чун каси мутавофит аз табақаи умумӣ муносибат мекунанд. Масалан бисёриҳо ба ман мегуфтанд, ки тоҷикон чунон ҷашнҳои арӯсие баргузор мекунанд, ки худро дар қарз ғарқ мекунанд ва ин як расми қадима ва аҳмақона аст, ки бояд мардум бас кунад.

Айни замон ин воқеият дар байни ҳамин гуруҳи фарҳангӣ як асосе барои худшиносӣ ва ё ҳатто ифтихор ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин Фарҳод ба ман мегуфт, ки “Лена бубин, анъанаҳои мо, моро мекушанд.” Инро шӯхиомез ва ханда мегуфт. Хоҳараш инро ба ман чунин тасвир кард: “Шумо пул кор мекунед ва барои саёҳат, барои таҳсил харҷ мекунед. Мо пул меёбем ва барои чизҳои беарзиш харҷ мекунем. Барои ҳамин шумо рус ҳастед ва мо тоҷик.” Ин гуфтаи ӯ, ҳамаро ба ханда овард.

ТАНЗИМ ХАРОҶОТРО КАМ КАРД, Ё НЕ?

Радиои Озодӣ: Ман дар Тоҷикистон будам ва дар муддати панҷ соли ахир бо касоне ки суҳбат доштам, аз қонуни танзим истиқбол мекарданд ва мегуфтанд, ки он баргузории ҷашнҳои арусиву дигар маросимро осон кард, чун хароҷот кам шуд. Бовар дорам, ки шумо ҳам дар ин бора суҳбат кардед. Дар воқеъ чунин ҳаст?

Елена Борисова: “Медонед, дар мардумшиносӣ як таъбире ҳаст, ки “ҳар мардумшинос медонад, ки мардум чизеро мегӯянд, ки фикр мекунанд, вале он чӣ ки мекунанд, се чизи ҳам мутафовит аст. Аз ин назар, ман хушҳолам, ки имкон доштам на танҳо бо мардум суҳбат кунам, бевосита суол бидиҳам ва мушоҳида кунам, ки чӣ кор мекунанд. Ончӣ мушоҳида кардам, ин буд ки агар аз мардум рӯирост бипурсӣ, мувофиқ буданд, ки хароҷоти маросим зиёд аст ва бояд онҳоро кам кард. Бисёриҳо ошкоро фикрашонро намегуфтанд ва ончиро баён мекарданд, ки ҳукумат мегуфт. Масалан худи омӯзгорон, ки вазифаашон, фаҳмонидани ин қонун ба волидону фарзандонашон буд.

Масалан яке аз омӯзгорон ба ман гуфт, ки “Бубинед, кишвари мо камбизоат аст ва раиси ҷумҳур мехоҳад, барои сарфаҷӯӣ ба мардум кумак кунад, ки сарфаҷӯӣ кунанд. Онҳо ба Русия мераванд, солҳо заҳмат мекашанд ва ҳамаи пулашонро дар як шаб харҷ мекунанд. Ин қонун барои хубии мардуми мост, вале онҳо инро намефаҳманд. Онҳо ба ҷашнҳои бузург одат кардаанд, барои тағйир додани ин вақт лозим аст.” Ман аз он шигифтзада будам, ки бисёриҳо омода буданд, барои риоят накардани қонун худро “ақибмонда”, “ваҳшӣ“ ва “бемаданият” биноманд.

Аммо дар ҳақиқат мардум аз хароҷот даст намекашиданд, ҳарчанд мехостанд, ин корро кунанд. Баъзан бо вуҷуди танзим кори баръакс мекарданд. Аввал ин ки бисёриҳо роҳи канор задани қонунро меёфтанд ва бо дарки ин ки метавонистанд, ҷарима шаванд. Як нафар ҳатто ба ман гуфт, ки пардохти чандсад сомонӣ ҷарима беҳтар аст, аз шармандагӣ, дар назди ҳамсоягону ҳамкорон аст.

Дар натиҷа мардум ҷашнҳои мухталифро якҷоя мекарданд, меҳмону овозхон мехостанд ва ба ҳам ҳадя медонанд. Дуввум ин ки баъзеҳо нисбат ба ин қонун хушбин набуданд ва мегуфтанд, ки ин қонун роҳро барои ришвахорӣ ва хабаркашӣ боз мекунад. Масалан яке аз ошноҳои ман гуфт, ки дар вазъи ноҳинҷоре афтодааст. Пас аз ҷашни арӯсии писараш, ба ӯ нозири маҳаллии милиса занг зада ва таҳдид кардааст. Чунки касе ба ӯ гуфтааст, ки дар тӯи арӯсии онҳо на 3 балки 4 мошин будааст. Ин чӣ иртиботе ба маъмури милиса дорад?

Ҳарчанд ҳамачиз ҳам бар асоси қонун сурат мегирифт, вале бисёриҳо хароҷоти зиёд мекарданд. Масалан қалин пайваста боло мерафт, ки бар асоси ягон қонуне танзим намешавад ва назораташ ҳам сахт аст. Мардум шикоят мекарданд, ки агар қаблан харидани сарупо ва ҳадя кофӣ буд, ҳоло оилаи арӯс интизор дорад, ки ҳуҷраи арӯсу домод қолину пардаву дигар абзори зарурӣ ва ё ҳатто кондитсионер дошта бошад. Ман медонам, ки дар Душанбе гоҳо волидони арӯс хонаву мошин ваъда мекунанд. Дар айни ҳол ин ваъдаҳо як навъ сармоягузорӣ барои таъмини робитаҳои осудаи арӯсу домод ба ҳисоб мераванд.

Масалан худи Фарҳод ба ман гуфт, ки «қудоҳои ман мегӯянд, ки ба мо чизе лозим нест, худамон мехарем, вале ман ба онҳо бовар надорам. Чунки вақте духтари ман шавҳар кард, баъдан таънаву маломат мекунанд, ки ӯ ину онро наовард, яъне падарат туро дӯст намедорад, ки инҳоро бароят нахарид.» Шояд ба чашми каси бегона ин ғайриоддӣ намояд, вале ба фикри ман, барои мухотабони шумо дар Тоҷикистон дар бораи робитаҳои аксаран душвори арӯси ҷавон бо оилаи шавҳар медонанд. Барои ҳамин ба назари ман чизи аҷибе нест, ки волидони арӯс мехоҳанд, аз ин роҳ духтари худро аз мушкилот эмин нигаҳ доранд.

ТАҲДИДИ ТАНЗИМ БА ХУДШИНОСӢ?

Радиои Озодӣ: Шумо дар таҳқиқи худ мегӯед, ки қонуни танзим дар ниҳояти амр муносибати байни оилаҳоро душвор ва ба худшиносии онҳо таҳдид мекунад. Метавонед, инро шарҳ диҳед?

Елена Борисова: Албатта. Метавон гуфт, ки робитаҳои байни ду оила дар заминаи маросиму табодулҳо асос меёбанд. Дар вилоятҳое, ки ман таҳқиқот анҷом додам, бо вуҷуди танзим, хатми Қуръон, домодбуророн, ҷеғзанак ва дигар расму ойин буд. Ҳамаи инҳо на танҳо хароҷоти молӣ доранд, барои одамон муҳим аст, ки обрӯяшонро ҳифз кунанду айб нашавад. Дар ин замина, танзим корро мушкил мекунад. Одамон дар дуроҳа мемонанд, ки киро ба тӯй даъват кунанд, чун фақат даъвати 150 меҳмон иҷоза ҳаст. Як марде ба ман гуфт, ки як хеши дураш ӯро ба тӯй даъват накард ва ӯ ранҷид. Марди таҳсилкарда ва корманди созмони ғайриҳукуматӣ буд. Ман аз ӯ дар бораи танзим пурсидам, ӯ гуфт, ки «медонам, тарафдори қонун ҳастам, вале бо вуҷуди ин озурда шудам, чун маро даъват накарданд.» Ин як намуна аст.

Намунаи дигар ин музокирот дар бораи ҷашн аст. Ман мушоҳида кардам, ки байни оилаҳои домоду арӯс бадгумонӣ вуҷуд дорад, ба шарте ки хеш набошанд. Масалан ҳолатҳое ҳаст, ки як тараф мехоҳад, ҳамачиз бо риояти қонун сурат бигирад ва дар лаҳзаи охир маълум мешавад, ки интизороти оилаҳо аз ҳам тафовут дорад. Бо Фарҳод чунин шуд. Қудояш гуфт, ки арӯсӣ бе латта ва ё ҳамон табдили ҳадяҳо мешавад, вале вақте мо баъди тӯй ба хонаи онҳо рафтем, онҳо ба ҳама бастаҳои ҳадя тақдим карданд, мисли рӯймол, ё сачоқ. Фарҳод бисёр нороҳат шуд, чун инро интизор надошт ва рӯзи баъд ночор давида рафту барои қудояш ҳадя харид. Ингуна ҳолатҳо бисёр зиёданд.

Барои ҳамин онгуна ки қаблан гуфтам, мардум саъй мекунанд, аз тарси ояндаи духтари худ ҳарчӣ ки лозим медонанд, барои қудои худ пешниҳод намоянд. Илова бар ин ҷанбаи муҳоҷиратро бояд зикр кард. Бисёре аз афрод солҳо дар Тоҷикистон нестанд. Баргузории тӯй барои онҳо як роҳи нишон додани ҳузури худ дар Тоҷикистон, садоқати худ ба ҷомеа, мардуми маҳалла, ҳуввияти фарҳангии худ ва ё ба қавле тоҷикияти худ аст. Ба ғайр аз ин як имкони дигари ба роҳ мондани робитаҳоест, ки шояд дар оянда зарур шаванд, бахусус дар байни мардон. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат танзим робитаҳои байни одамонро душвор ва барои худшиносиашон хатар эҷод мекунад.

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо, ҳадафи ниҳоии ин қонун чӣ буд, ҳимояти ҳуқуқи иҷтимоии мардум ва кам кардани камбизоатӣ ва ё офаридани ҳуввияти ягонаи фарҳангие, ки ҳукумат тасаввур мекунад.

Елена Борисова: «Инҷо бисёр кутоҳ посух мегӯям, чун сиёсатшинос нестам ва кори ҳукумат дар Тоҷикистонро таҳлил намекунам. Ман бо мардуми оддӣ кор мекунам, на бо мақомдорон ва барои ман муҳим буд, ки бифаҳмам, ин қонун чӣ гуна ва пеш аз ҳама ба зиндагии рӯзмарраи мардум таъсир мегузорад. Дар ҳақиқат бисёре аз ҳамкорони ман мегӯянд, ки ин қонун як саъйи дигари назорат ва мудохилаи ҳукумат ба зиндагии хусусии шаҳрвандон ва бо ҳадафи офаридани ҳуввияти ягонаи фарҳангист.

Шояд ин ҷанба ҷой дорад ва ман инҷо ҳеч ихтилофе намебинам ва айни замон ба назари ман, ин қонунро метавон, як талоше барои ҳимояти ҳуқуқи иҷтимоии мардум ҳам донист. Ҳатто агар аз ин роҳ низ бошад. Талошҳо барои коҳиши хароҷот барои расму ойин падидаи наве дар таърихи Осиёи Марказӣ нест. То замони инқилоб ва омадани болшевикҳо, ҷадидиён, намояндагони модернизми ислом ба парҳез аз исроф даъват мекарданд, чун ба қавли онҳо мухолифи қоидаҳои ислом аст.

Дар замони шӯравӣ, онгуна ки мо медонем, барои аз байн бурдани маросими бошукӯҳ, одатҳои иртиҷоӣ дониста мешуданд, талошҳое сурат гирифта буд. Ман мебинам, ки дар ҷомеа тақозо барои коҳиши хароҷот дар ҷашну ойинҳо ҳаст, вале суол ин аст, ки оё ба ин чиз аз роҳи қонунгузорӣ ва таҳдид бо ҷазову ҷарима метавон ноил шуд, ё не?

АФКОРИ УМУМИ "СИТАМГАР"

Радиои Озодӣ: Ман медонам, ки шумо тоҷикиро мефаҳмед ва барои ҳамин бо забони тоҷикӣ мепурсам. Ба шумо дар Тоҷикистон чӣ бештар маъқул шуд ва чӣ маъқул нашуд?

Елена Борисова: "Пештар аз ҳама ба ман мардум хуш омад. Ман бо оилаи Фарҳод зиндагӣ мекардам ва онҳо ба оилаи ман табдил шуданд. Мисли оилаи худам. Мо то ҳол робита дорем, ман онҳоро бисёр дӯст медорам, мо ба якдигар ёрӣ мерасонем. Эҳтимолан як соли иқомат дар Тоҷикистон дар зиндагии калонсолии ман, яке аз беҳтарин солҳои зиндагиам бошад."

Радиои Озодӣ: Чӣ маъқул нашуд?

Елена Борисова: "Суоли хуб аст. Чӣ гуна ҷавоб диҳам, ки касеро озурда накунам. Аз он хушам наомад, ки зиндагии мардуми зиёде душвор аст, аз ҷумла барои онки фишори зиёде аз тарафи ҷомеа эҳсос мекунанд, ки ин корро бояд ингуна кард ва ингуна либос пӯшид. Бахусус барои занони ҷавон. Таҳаммули равонии ин чиз сахт аст. Аз ин рӯ ман мехостам, озодии интихоб бештар бошад. Ман набояд қазоват кунам, вале дидам, ки бисёре аз одамон аз ин чиз ранҷ мекашанд."