Темур Раҳимов дар Jerusalem Masters 2022 медали нуқра гирифт

Темур Раҳимов

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии устодони ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки шаби 22-юми декабр дар Исроил ба поён расид, медали нуқра ба даст овард. Ӯ аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки дар ин мусобиқаи пурнуфуз соҳиби медал гардид.

Темур Раҳимови 25-сола, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни беш аз 100 кило дар ҷойи аввал аст, дар мусобиқаи Jerusalem Masters 2022 ба рақобат аз даври дуюм пардохт. Вай Ричард Сипоҷи 21-соларо аз Маҷористон шикаст дод.

Дар даври сеюм бар Ушангӣ Кокаурии 30-сола аз Озарбойҷон дастболо шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ Алишер Юсупови 24-солаи узбекистониро мағлуб карда, ба финал роҳ ёфт. Вале дар финал аз Татсуру Саитои 20-солаи ҷопонӣ, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Тошканд, шикаст хӯрд. Ба Саито медали тило ва ба Раҳимов медали нуқра тақдим гардид.

Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён рӯзи 22-юми декабр вориди рақобат шуд. Ӯ дар даври аввал бояд бо Лаша Бекаураи 22-солаи гурҷӣ, ки қаҳрамони Олимпиадаи Токио-2020 мебошад, рақобат мекард. Аммо бинобар насупоридани вазн паҳлавони гурҷӣ аз ҳаққи иштирок дар мусобиқа маҳрум шуд. Ҳамин тариқ, Комроншоҳ бидуни рақобат ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Паҳлавони 29-солаи тоҷик дар даври дуюм Эдуард Триппели 25-солаи олмонӣ, барандаи ҷоизаи нуқраи Олимпиадаи Токиоро шикаст дод. Вале Комроншоҳ дар даври сеюм аз Санширо Мураои 22-солаи ҷопонӣ мағлуб шуд. Сипас ӯ дар даври тасаллобахш аз қаҳрамони феълии ҷаҳон Давлат Бобонови 25-солаи узбекистонӣ шикаст хӯрд. Дар натиҷа Комроншоҳ ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқаи байнулмилалии устодони ҷудо, ки 20-уми декабр дар Байтулмуқаддас баргузор шуд, Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони 20-солаи тоҷик, дар нахустин рақобати худ дар вазни то 66 кило аз Реда Седдукии 24-солаи фаронсавӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), ба ин мусобиқа 367 варзишгар (194 мард ва 173 зан) аз 58 кишвари панҷ қораи ҷаҳон, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни худ то ҷои 36-умро ишғол кардаанд, даъват шуда буданд.

Тоҷикистонро се варзишгар – Эмомалӣ Нуралӣ, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов – муаррифӣ карданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд: барои медали тило - 1800 имтиёз, медали нуқра - 1260 имтиёз ва медали биринҷӣ - 900 имтиёз. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид: барои ҷойи аввал – 6000 евро, ҷойи дуюм - 4000 евро ва ҷойи сеюм - 2000 евро.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 3 медали тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Фаронса бо касби 2 медали тило, 6 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 2 медали тило ва 1 биринҷӣ сеюм шуд. Дастаи Тоҷикистон бо касби 1 медали нуқра ва 1 ҷойи ҳафтум зинаи 15-умро ишғол кард.

Ғолибону ҷоизадорони Jerusalem Masters 2022:

Мардон

Вазни то 60 кг

1. Ли Ҳарим (Кореяи Ҷанубӣ)

2. Рюҷу Нагайама (Ҷопон)

3. Балабой Оғоев (Озарбойҷон)

3. Янг Юнг Вей (Тайпейи Чин)

Вазни то 66 кг

1. Баруч Шмаилов (Исроил)

2. Даикии Боуба (Фаронса)

3. Хйяр Валид (Фаронса)

3. Денис Вийеру (Mолдова)

Вазни то 73 кг

1. Даниел Каргнин (Бразилия)

2. Шаҳром Аҳадов (Узбекистон)

3. Муродҷон Юлдошев (Узбекистон)

3. Артур Маргелидон (Канада)

Вазни то 81 кг

1. Тато Гиригалашвили (Гурҷистон)

2. Сайид Муллоӣ (Озарбойҷон)

3. Маттиас Кассе (Белгия)

3. Алфа Умар Дҷало (Фаронса)

Вазни то 90 кг

1. Санширо Мурао (Ҷопон)

2. Алексис Матеиу (Фаронса)

3. Лука Майсурадзе (Гурҷистон)

3. Рафаэл Масейдо (Бразилия)

Вазни то 100 кг

1. Илиа Суламанидзе (Гурҷистон)

2. Симеон Сатарина (Нидерланд)

3. Петер Палчик (Исроил)

3. Зелим Котсоев (Озарбойҷон)

Вазни + 100 кг

1. Татсуру Саито (Ҷопон)

2. Темур Раҳимов (Тоҷикистон)

3. Кокоро Кагеура (Ҷопон)

3. Алишер Юсупов (Узбекистон)