Дар мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки дар Исроил ҷараён дорад, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кард.
Темур Раҳимов, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни беш аз 100 кило дар ҷойи аввал қарор дорад, ба сабқат аз даври дуюм пардохт. Ӯ рақибаш Ричард Сипожи 21-соларо аз Маҷористон шикаст дод. Дар даври сеюм бар Ушангӣ Кокаури аз Озарбойҷон дастболо шуд ва ба нимфинал баромад. Паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ Алишер Юсупови узбекистониро мағлуб намуд ва ба финал роҳ ёфт. Темур дар финал шаби 22-юми декабр бо Татсуру Саитои 20-солаи ҷопонӣ рақобат мекунад.
Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён низ рӯзи 22-юми декабр ба рақобат пардохт. Ӯ мебоист дар даври аввал бо Лаша Бекаураи гурҷӣ, ки қаҳрамони Олимпиадаи Токио мебошад, рақобат мекард. Вале бинобар насупоридани вазн паҳлавони гурҷӣ аз ҳаққи иштирок дар мусобиқа маҳрум шуд. Комроншоҳ бидуни мубориза ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Паҳлавони тоҷик дар даври дуюм Эдуард Триппели олмонӣ, барандаи ҷоизаи нуқраи Олимпиадаи Токиоро шикаст дод. Вале Комроншоҳ дар даври сеюм аз Санширо Мураои ҷопонӣ мағлуб шуд ва дар даври тасаллобахш муборизаро барои медали биринҷии ин мусобиқаи пурнуфуз идома дод. Аммо ӯ аз Давлат Бобонови узбекистонӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро гирифт.
Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудо, ки 20-уми декабр дар Байтулмуқаддас баргузор шуд, Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар нахустин рақобати худ дар вазни то 66 кило аз Реда Седдукии фаронсавӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, ба ин мусобиқа 367 варзишгар аз 58 кишвари панҷ қораи ҷаҳон, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни худ то ҷои 36-умро ишғол кардаанд, даъват шудаанд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад: барои ҷойи аввал – 6000 евро, ҷойи дуюм - 4000 евро ва ҷойи сеюм -2000 евро.