Сафари таърихии Зеленский ба Амрико ва талаби ёрии бештар ба Украина

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 21-уми декабр дар Вашингтон ва дар мулоқот бо ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский гуфт, Иёлоти Муттаҳида расондани ёриҳоро ба Украина идома хоҳад дод. Ӯ дар нишасти хабарӣ хитоб ба Зеленский гуфт, "дар паҳлӯи Шумо будан мояи ифтихор аст".

Ин сафари аввалини хориҷии Зеленский пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар даҳ моҳи охир аст. Вай бо либоси сабзи низомӣ дар баробари хабарнигорон бо Байден мулоқот кард. Гуфт, ният дошт, ки барвақттар ба Амрико сафар кунад, аммо ҷанг тамом нашудаасту кишвараш дар набард бо Русия бо чолишҳои зиёде рӯбарӯ мебошад.

Раиси ҷумҳури Украина баъди расидан ба Вашингтон бо нашри паёме дар саҳифааш дар "Инстаграм" гуфт, "ман имрӯз дар Вашингтон ҳастам, то аз мардуми Амрико, президент ва Конгресс барои ҳимояти бисёр муҳимашон ва идомаи ҳамкорӣ барои суръат бахшидани пирӯзӣ ташаккур кунам".

Ҳукумати Амрико рӯзи 21-уми декабр ҳамзамон бо сафари Зеленский эълон кард, ки як бастаи низомии дигарро ба арзиши 1,85 миллиард доллар ба Украина хоҳад дод. Ин ёриҳо системаи дифои зиддимушакии "Патриот"-ро низ дарбар мегирад.

Кохи Сафед ин тасмимро чанд соат пеш аз расидани раиси ҷумҳури Украина ба Вашингтон эълон кард. Як миллиард доллар аз ин кумаки нав барои аслиҳа ва муҳимот буда, 850 миллион доллари он дар чорчӯби "тарҳи ёриҳои амниятӣ ба Украина" харҷ хоҳад шуд.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе, ки дар сомонаи вазорат нашр шуд, гуфт, "ҳамзамон бо идомаи ҳамлаҳои бераҳмонаи Русия ба зерсохторҳои ҳассоси Украина, мо имрӯз бо истиқбол аз Владимир Зеленский дар Вашингтон, ба ҳимояти доимии худ аз Украина таъкид хоҳем кард".

Ӯ афзуд, тайи 300 рӯзи гузашта Русия талош кардааст, ки Украинаро аз рӯи замин маҳв кунад, аммо муваффақ нашуд ва акнун бо таҳмили гуруснагӣ ва сармо, талош мекунад, аз фасли зимистон ҳамчун абзори ҷангии нав истифода кунад.

Блинкен изҳор дошт, "бо ихтиёроте, ки раиси ҷумҳури Амрико ба ман додааст, бисту ҳашт бастаи кумакҳои низомӣ ва таслиҳотии мустақим ба Украина аз августи соли 2021-ро қабул мекунем. Ин баста шомили системаи дифои зиддиҳавоӣ, аслиҳа ва дигар таҷҳизот аст, ки ба тавоноиҳои дифоии Украина дар саҳнаи ҷанг кумаки муассире хоҳад кард".

Маҷмуи кумакҳои низомии ҳукумати Амрико ба Украина аз оғози раёсати ҷумҳури Байден ба 21,9 миллиард доллар хоҳад расид.