Дар муноқишае дар тарабхонаи "ОК"-и шаҳри Душанбе, дар наздикии Фурудгоҳи байнулмилалӣ, камаш ҳашт нафар маҷруҳ шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳодиса ягон хабар намедиҳанд.
Манобеи муътамади Радиои Озодӣ гуфтанд, муноқиша шаби 16-уми декабр байни Зариф Соҳибов, мудири корхонаи "Тилои тоҷик" ва аз наздикони Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Наврӯз Абдуллоев, писари Исматулло Абдуллозода, раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва ҳамроҳони онҳо рӯй додааст. Тасдиқи расмӣ ва назари ҷонибҳо дастрас нест.
Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми декабр гуфт, дар муноқиша "аз ду тараф зиёда аз даҳ нафар иштирок карда, ҳашт кас ҷароҳатҳои сабук бардоштанд."
Ҷанҷол, ба гуфтаи ӯ, "аз пушти духтари як сарояндаи тоҷик шудааст, ки аз мизи Абдуллоев ва ҳамроҳонаш хеста, ба мизи Соҳибов ва ҳамроҳони ӯ нишастааст. Гапҳояшон пасту баланд ва ҷанҷоли калон мешавад.”
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаро тасдиқ ё рад накарданд. Сухангӯйи вазорат Нусратулло Маҳмадзода гуфт, аз ҳодиса хабар надоранд ва иттилоъро аз Раёсати корҳои дохилии Душанбе бипурсем.
Сироҷиддин Шакурӣ, масъули дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии пойтахт, ба Радиои Озодӣ гуфт, масъаларо мебинанду баъдан иттилоъ хоҳанд дод. Вай дар тамоси такрорӣ афзуд, "ҳоло дар ин бора маълумоти пурра рӯйи даст нест". Дар Шуъбаи умури дохилии Шоҳмансур, ки тарабхонаи "ОК" дар ҳудуди ин ноҳия ҷойгир аст, тавзеҳе надоданд.
Яке аз намояндагони тарабхона рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки шоми 16-уми декабр миёни муштариён ҷанҷоле шуд, “аммо то занозанӣ нарасида, тарафҳо ором шуданд”.
"Як нофаҳмӣ шудааст, лекин боз ҳал шуд. Ман он шаб набудам. Шунидам, ки ҳамин хел гап шудааст. Дигар чизе гуфта наметавонам," – афзуд ҳамсуҳбати мо дар тарабхона бидуни зикри номаш.
Дар бораи Зариф Соҳибов иттилои кофӣ дар даст нест. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Наврӯз Абдуллоевро "соҳибкори ватанӣ" ном бурдааст. Вай рӯзи 20-уми декабр ҳангоми ифтитоҳи корхонаи "Қолинҳои Душанбе" дар канори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш зоҳир шуд. Дар яке аз аксҳо Исматулло Абдуллозода низ намудор аст.
Муноқиша бо ҳузури намояндагони ду хонаводаи бонуфуз дар ҳолест, ки 15-уми ноябри имсол Радиои Озодӣ дар бораи муноқишаи Зафарҷон Самӣ, масъули толори VIP-и Фурудгоҳи Душанбе ва писари Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар як тарабхона хабар дода буд.
Он замон манобеъ дар мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, Зафарҷон Самии 24-сола дар тарабхонае дар маҳаллаи 112-уми ноҳияи Синои Душанбе бо гурӯҳе аз ҷавонон муноқиша карда, маҷруҳ шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муноқиша дар тарабхонае дар Душанбе. Писари як мансабдор захмӣ шудаастЗанонзанӣ ва ё муноқиша бо иштироки фарзанди мансабдорон ва ё наздикони онҳо дар Тоҷикистон зуд-зуд сабт мешавад, аммо дар аксар маврид парвандаашон ҷиддӣ таҳқиқ намешавад.
Аз ҷумла, номи Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва қудои президент, соли 2017 ва 2021 барои иштирок дар муноқиша дар Душанбе расонаӣ гардидааст. Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои "Нахш" ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистон, соли 2021 ба "авбошӣ" муттаҳам, вале бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шуд. Нахшову нӯҳ ҳамроҳашро ба он гунаҳкор донистанд, ки моҳи майи соли гузашта кормандони ширкати "Мину Фарм"-ро дар маркази ноҳияи Данғара задаанд.