Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як ҳафта аз боздошти камаш чаҳор нафаре гузориш доданд, ки "бо таҳдиди бадном кардани духтарону писарон дар Интернет аз онҳо пул хостаанд". Гузоришҳое, ки вақтҳои охир зиёдтар мешавад ва мояи нигаронии корбарон аст. Баъзе аз боздоштшудаҳо дар наворҳои вазорат ба гуноҳи худ эътироф кардаанд, аммо маълум нест, дар чӣ шароите.
"Даступо нахӯранд, шикоят кунанд"
Таҳдиди бадном кардани духтарону писарони тоҷик дар Интернет бо истифода аз аксу наворҳояшон ҳодисаи нав нест. Масъала пас аз худкушии як духтари тоҷик дар Маскав ҷиддӣ шуд. Наздиконаш гуфтанд, Раҳима Каримоваи 21-сола дар пайи нашри аксҳои дасткоришудааш дар "Инстаграм" худкушӣ кардааст. Мақомот гуфтанд, ҷасадашро аз роҳи қатор ёфтанд, аммо сабаби маргашро нагуфтанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Аксҳои ӯро дар тани урёни дигарон часпонда, дар Инстаграм мегузошт"Фариштамоҳ Гулова, коршиноси фанновариҳои навин, мегӯяд, "ҳар як нафар метавонад, бо озори интернетӣ дучор шавад, аммо набояд тарсад."
"Махсусан, духтарону писарон. Вақте онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу навори худро дар ҳолати ногувор, аз ҷумла урён мебинанд, набояд даступо хӯранд. Баръакс, аз ин саҳифа ба маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят кунанд," -- шарҳ дод ӯ рӯзи 20-уми декабр.
Баъзе аз фаъолони иҷтимоӣ мегӯянд, таҳдиди бадномсозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои бархе дар Тоҷикистон ба як воситаи пулкоркунӣ табдил ёфтааст, аммо ҷабрдидагон ба дастгирӣ эҳтиёҷ доранд. Ба қавли Наргис Қосимова, дар чунин вазъ хонавода бояд духтаронро дарк кунанд, вагарна пайомадаш бад хоҳад шуд.
"Ба андешаи ман, ҳамчун як модар, бояд бо фарзанд бештар суҳбатҳои самимӣ дошта бошем. Ба ҳамдигар бовар кунем. Ҳамеша ба фарзанд бигӯем, ки новобаста аз ҳар ҳодиса бо туям. Ҳатто агар хатое карда бошад, ҳарчанд намехоҳам инро хато гӯям. Ин таҷриба аст," – гуфт Наргис Қосимова.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Одамони сустро меёбанд..."
Расонаӣ шудани чанд мавриди кӯшиши бадномсозӣ дар Интернет баъзе аз духтарону писаронро дар Тоҷикистон эҳтиёткор кардааст.
Марҷона, як духтари ҷавон, гуфт, "ин ҳолат дар ҳаёти бисёре аз духтарон мешавад. Ба ман ҳам як нафар гуфт, ки дар Ютуб мегузорад. Гуфтам, аз дастат чӣ кор меояд, кардан бигир. Гум шуду рафт. Одамони сустро меёбанд, пул кор кардан мехоҳанд."
Дар Тоҷикистон барои сабту нашри аксу видеоиҳои бадномкунанда ё тамаъҷӯӣ ҷазо таъин шудааст. Дар қисми аввали банди 250-и Кодекси ҷиноии кишвар барои таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда ва дар иваз талаб кардани маблағ аз панҷ то даҳ сол зиндон пешбинӣ шудааст. Дар сурати такрор ёфтани чунин амал муҷозоти сахтар дар назар аст.
Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ин, шахсони ҷабрдида бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят кунанд. Аммо бисёре аз духтарон ва ё онҳое, ки ҷабри тамаъҷӯёнро кашидаанд, аз тарси беобрӯӣ ва боварҳои иртиҷоӣ ба мақомоти интизомӣ муроҷиат намекунанд.
Бо рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъол шудани ҷавонони тоҷик бадномсозӣ, кӯшиши иръоб ё "шантаж" бештар шудааст. Мақомот дар Тоҷикистон борҳо аз боздошти ҷавононе хабар додаанд, ки аз роҳи бадномсозӣ мехостанд, аз занону духтарон пул ситонанд ё қасос гиранд.