"Ё пул бидеҳ ё беобрӯят мекунам"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҳдиди бадномсозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои бархе дар Тоҷикистон ба як воситаи пулкоркунӣ табдил ёфтааст. Мақомоти интизомӣ аз боздошти ҷаҳор ҷавоне хабар додаанд, ки духтарону писаронро аксу навор гирифта, таҳдид мекардаанд, ки онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беобрӯ месозанд.