Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони ҷавону маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки имрӯз, 20-уми декабр, дар Исроил шуруъ шуд, дар нахустин рақобати худ аз Реда Седдукии фаронсавӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Паҳлавони 20-солаи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ, қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон, дар мусобиқаи устодони ҷудо дар Байтулмуқаддас дар вазни то 66 кило дар даври аввал бо варзишгари 24-сола аз Фаронса Реда Седдуки рақобат кард. Рақибаш, ки дар радабандии ҷаҳонӣ нисбат ба Эмомалӣ даҳ зина боло (ҷойи 26-ум) қарор дорад, пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик, ки дар "замони тилоӣ" бо се огоҳӣ мағлуб шуд, аз ҳаққи идомаи мубориза бенасиб монд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), ба ин мусобиқа варзишгароне, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни худ то ҷои 36-умро ишғол кардаанд, даъват шудаанд. Дар ин мусобиқа 367 варзишгар (194 мард ва 173 зан) аз 58 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок дорад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи охирини байналмилалии мавсими имсола ба ғайр аз Эмомалӣ Нуралӣ боз ду паҳлавони маъруфи тоҷик - Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг), ки барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Париж-2024 талош меварзанд, намояндагӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Темур Раҳимов дар ҷойи аввал ва Комроншоҳ Устопириён дар ҷойи 16-ум қарор доранд. Ҳарду дар рӯзи охирини мусобиқа – 22-юми декабр - ба рақобат мепардозанд. Комроншоҳи 29-сола дар даври аввал бо Лаша Бекаураи 22-сола аз Гурҷистон, ки қаҳрамони Олимпиадаи Токио-2020 мебошад, рақобат хоҳад кард.
Темури 25-сола ба сабқат аз даври дуюм мепардозад. Рақибаш ғолиби ҷуфти Вито Драгичи 29-сола (Словения)/ Ричард Сипожи 21-сола (Маҷористон) мешавад.
Рӯзи аввали мусобиқа – 20-уми декабр – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегардад. Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 21-уми декабр - гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон 22-юми декабр ба поён мерасад.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад: ҷойи аввал – 6000 евро, ҷойи дуюм 4000 евро ва ҷойи сеюм 2000 евро.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки моҳи январи соли 2021 дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор шуд, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Темур Раҳимов натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило мақоми панҷумро касб намуд. Вале Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода, ҳарду дар вазни то 73 кило, дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд.