Ба гузориши пойгоҳи "Sota", мақомоти Русия муҳоҷиронро дар Маскав ба бастани шартнома барои иштирок дар ҷанги Украина "даъват доранд". Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накардаанд, вале моҳи сентябри имсол аз муҳоҷирони корӣ хоста буданд, ки ба ҷанги бегона нараванд.
Манбаъ рӯзи 19-уми декабр бо такя ба обуначиёни худ дар Телеграм навишт, варақаҳои таблиғотии иштирок дар ҷанги Украина дар истгоҳи метрои "Вихино" тақсим шуд. "Шахсоне, ки варақаҳоро тақсим карданд, муҳоҷиронро ҷустуҷӯ доштанд ва, пеш аз ҳама, шаҳрвандии онҳоро мепурсиданд," -- навишт "Sota".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Даъватнома ба гӯр". Русия дар ҷанг бо Украина ба кумаки муҳоҷирон "зор" шудааст?Дар варақае, ки "Sota" нашр кардааст, шаҳрвандони аз 18 то 40-солаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ барои пайвастан ба артиши Русия даъват мешаванд. Тибқи он номзадҳо, ҳадди ақал бояд маълумоти синфи 9-умро дошта бошанд ва забони русиро хуб донанд.
"Муқовимати муштарак бо миллатгароён дар Украина дар доираи СПАД2, "имкони ба даст овардани таҷрибаи бебаҳои низомӣ" ва "имкони қаҳрамони Русия шудан" аз зумраи бартариҳои хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия номида шудааст.
Тоҷикистону Русия, Арманистону Беларус ва Қазоқистону Қирғизистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳастанд.
Қаблан чанд ширкати сохтмонии Русия ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки барои корҳои таъмиру бозсозӣ ба Мариуполи Украина бираванд. Баъдан муҳоҷироне, ки барои кор ба он ҷо рафта буданд, гуфтанд, танҳо нисфи маоши ваъдашударо гирифтанд.
Инчунин, гузориш шудааст, ки Русия дар ҷанги Украина аз шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон истифода мекунад.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия моҳи сентябри имсол аз муҳоҷирон хоста буд, аз иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ худдорӣ кунанд. Теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 600 ҳазор то 1 миллион нафар ҳисоб шудааст. "Иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ" мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад," - гуфта буданд дар сафорат.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сафорат аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия хост, ба ҷанг наравандКодекси ҷиноии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Солҳои пеш чандин нафар бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба зиндон маҳкум шуданд.
Ба ҷуз аз Тоҷикистон, мақомоти Узбекистон ҳам ба шаҳрвандонашон ҳушдор додаанд, ки ба ҳеч сурат барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина розӣ нашаванд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд.