Як мақоми баландпояи амрикоӣ рӯзи 19-уми декабр гуфт, ҷанги Русия дар Украина ва эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон тавоноии Маскаву Теҳронро барои нуфуз ё дахолат дар интихоботи миёндавраии ахири Амрико маҳдуд кард.
Ба навиштаи хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", ниҳодҳои истихборотӣ ва амниятии Амрико пеш аз интихоботи моҳи ноябр барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои кибернетикии эҳтимолӣ ё муқобила бо амалиёти нуфузи хориҷӣ дар ҳолати омодабош ба сар мебурданд.
Тибқи арзёбии онҳо, душманони хориҷии Амрико дар ду интихоботи президентии пешини ин кишвар мудохила карда буданд. Ин бор нишонаи чандоне аз нуфузи хориҷиҳо дар интихоботи миёндавраии ахир дида нашудааст.
Генерали артиш Вилям Ҳартман, ки раҳбарии "Нерӯҳои маъмурияти миллии кибернетикии Амрико"-ро ба уҳда дорад, гуфт, "аз ин ки русҳо, эрониҳо ва чиниҳо (дар робита бо интихоботи миёндавраӣ) фаъолияти хосе надоштанд, таъаҷҷуб кардам".
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз моҳи феврали имсол ба ин тараф даргири ҷанг дар Украина аст. Аз он замон то кунун дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор нафар кушта шудаанд.
Раҳбарони Эрон низ дар ҳоли ҳозир машғули саркӯби хунини эътирозҳои мардумӣ ҳастанд. Ин эътирозҳо чаҳор моҳ пеш бо марги донишҷӯи 22-сола Маҳсо Аминӣ дар боздоштгоҳи пулиси ахлоқи Теҳрон оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад.
Генерал Вилям Ҳартман изҳор дошт, ки дастгоҳҳои истихобороти дохилӣ, низомӣ ва хориҷии Русия манбаъҳои бештареро нисбат ба ончӣ интизор мерафт, сарфи Украина мекунанд, зеро бо муқовимати ғайриинтизори украиниҳо рӯбарӯ шудаанд.
Бо ин ҳол, Амрико давоми соли ҷорӣ Русия, Эрон ва Чинро барои талоши нуфуз дар бахшҳои дигар муттаҳам кардааст. Аз ҷумла, FBI дар моҳи октябри имсол ҳушдор дод, ки як гурӯҳи кибернетикии вобаста ба Эрон талош кард, то маълумоти ниҳодҳои амрикоиро рахна кунад ва ба таври онлайн нашр намояд.
Вазорати адлияи Амрико низ дар моҳи март панҷ мардро ба таъқиб ва озору азияти мухолифони чинӣ, аз ҷумла як номзади камтар шинохташудаи Конгресси ИМА, муттаҳам кард. Русия ба он муттаҳам шуд, ки талош кард, ба баҳсҳо дар бораи шаффофияти интихобот дар Амрико доман бизанад.