"Аввал куштанд, баъд бегуноҳ гуфтанд"

Абдураҳим Ҳоҷибоев

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Бахши аввал ва дувуми матлабро дар инҷро бинед:

"Душмани халқ". Таъқиби сиёсӣ дар Тоҷикистон

"Муллоҳои фаъолро ҳабс кунед..."

Бахши 3. Мавҷи нави репрессияҳо

Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон низ қатънома қабул кард. Дар он гуфтаанд, ки “душманони халқи тоҷик, миллатчиёни буржуазӣ, тротскичиён ба вазифаҳои масъули ҳизбӣ даромада, дар зери сояи Ашӯров ва Фролов ва бо супориши идораҳои иктишофии хориҷӣ... ба саноат ва соҳаҳои хоҷагии халқ зарар мерасонданд”.

Намояндаи Сталин, шахсе бо насаби Андреев, дар ҷаласаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон иштирок карда, дар шифрограммае ба номи роҳбари Шӯравӣ навиштааст, “душманон дар Тоҷикистон худро озод эҳсос мекунанд.”

Андреев иттилоъ додааст, ки 1-уми октябр дар ҷаласа мавод дар бораи гуё табаддулоти ошкоршуда зидди Шӯравӣ баррасӣ гардид ва Ашӯрову Фролов барои пуштибонӣ аз душманон ва нодида гирифтани огоҳиҳо танқид шуданд.

Нуралӣ Давлат

Вай дар шифрограммаи худ гуфтааст, Фролов бояд бечунучаро аз вазифа озод шуда, Кумитаи Марказӣ Ашӯровро муҳокима ва сахт саркӯб кунад. “Аммо лозим аст, ӯ дар вазифааи котиби якум монад, зеро далелҳо дар мавриди иштироки Ашӯров дар ташкилоти зиддишӯравӣ вуҷуд надоранд, ба ғайр аз иртиботи ӯ дар солҳои 1923-24,” – шарҳ додааст Андреев.

Албатта, дар шароите, ки аксари кадрҳо ҳамчун душмани халқ паронда ва ё саркӯб шуда буданд, вазъият дар ин бахш вазнин мешавад, аммо ба хотири ҳал кардани ин масъала Андреев чунин пешниҳод мекунад:

  • Бояд беҳтарин котибони якуми кумитаҳои ҳизбии ноҳияҳо ва раисони кумитаи иҷроияи ноҳияҳо ба вазифаҳои холишудаи кумиссарони халқӣ, КМИ ва СКХ таъйин шаванд ва ба ҷои онҳо котибони дуюм ва кормандони комсомол пешбарӣ гарданд;
  • Як қисми кормандони тоҷик бояд аз Узбекистон ба Тоҷикистон гузаронда шаванд. Ба ҷуз ин, Андреев хостааст, барои мадад 30 корманди сатҳи котибони якуми кумитаҳои ҳизбии ноҳияҳо ба Тоҷикистон фиристода шаванд (манзури ӯ интиқоли кадрҳо аз Русия буд).

Андреев дар поёни шифрограммаи худ Ершовро ба ҳайси котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Протопоповро ба сифати муовини раиси СКХ пешниҳод кардааст. Пас аз ҳабси Раҳимбоев ва муовинонаш ҳукумати ҶШС Тоҷикистон бе роҳбар монда буд.

Сталин дар посух навиштааст, Протопопов котиби якум, Искандаров котиби дуюм, Қурбонов раиси СКХ, Шигодаев (манзур Шогадоев. - Н.Д.) раиси КМИ таъйин гарданд, аммо лозим меояд, ки Ашӯров ва Фролов ба ҳабс гирифта шаванд (Лубянка. Сталин и Главное управление госбезопасности НКВД. М.: МФД, 2004, стр. 383-384.).

Қурбонов: "Ҳоҷибоев кулак, Раҳимбоев ҷосус"

Дар иҷлосияи КМИ ҷумҳурӣ, ки рӯзҳои 13-14-уми октябри соли 1937 баргузор гардид, муовини раиси Шӯрои Кумиссарони Халқи Тоҷикистон Қурбонов изҳор доштааст, ки душманони халқ ба вазифаҳои зиёди масъул дар ҷумҳурӣ даромада, зарари худро расонданд. Аз ҷумла:

  • "Дар курсии раиси КМИ бойи калони замони амир, пешвои бандаи босмачиҳо Нусратулло Махсумов менишаст ва ӯро дар ин вазифа фарзанди бой ва рӯҳонии калон Шириншо Шотемуров иваз кард;
  • Шӯрои Кумиссарони Халқро кулаки хуҷандӣ, ки батракҳои зиёд ва тиҷорати калон дошт, Ҳоҷибоев роҳбарӣ мекард ва ба ҷойи ӯ бойи калон, ки батракҳои зиёд ва чорикор дошт, ҷосус ва душмани халқ Раҳимбоев нишаст;
  • Муовинони Раҳимбоеви ҷосус, тротскист Кактин ва иштирокчии гурӯҳи аксулинқилобии “18”, миллатчии буржуазӣ Нусратулло Махсумов пайдо шуданд;
  • Азбаски ҳамаи ин одамон сиёсати аксулинқилобиро пеш бурда, ба манфиати давлатҳои фашистӣ кор мекарданд, дар вазифаҳои масъули ҷумҳурӣ мисли худашон миллатчиёни буржуазиро таъйин карданд, аз ҷумла Абдуллоев, Масаидов, Эшонов, Азимҷонов, Исмоилов, Иноятов, Ниёзов, Имомов, Ширинов, Маҳкамов, Розиқов ва ғ.;
  • Дар ҳоле ки ин афроди фурӯмоя дар фикри табаддулот буданд, Ашӯров ва Фролов ба муқобили душманони халқ на фақат мубориза набурданд, балки ба онҳо кумак расонда, фаъолияташонро рӯйпӯш менамуданд." (Аз суханронии муовини раиси Совети Комиссарони халқи Тоҷикистон Қурбонов дар Сессияи КМИ ҶШС Тоҷикистон”. Рӯзномаи Коммунист Таджикистана”, 18.10.1937)

Чархи осиёби репрессияҳо

Дар ин бахш тарзи баррасӣ ва эълони ҳукмҳоро дар мисоли як ҷаласаи додгоҳӣ нишон медиҳем. Он бевосита ба сарнавишти яке аз роҳбарони Тоҷикистон – А.Ҳоҷибоев иртибот дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Душмани халқ". Чӣ қадар аз тоҷиконро куштанд, зиндонӣ ва бадарға карданд? ВИДЕО

Ин ҷаласаест, ки онро Коллегияи ҳарбӣ рӯзи 25-уми январи соли 1938 баргузор кардааст. Дар маҷлис парвандаи ҷиноии 19 нафар, ки дар миёнашон намояндагони миллатҳои гуногуни ИҶШС ва шаҳрвандони хориҷӣ буданд, дида шудааст, аз ҷумла, парвандаи собиқ раиси СКХ-и Тоҷикистон, шунавандаи Институти профессураи сурх – А.Ҳоҷибоев.

Рӯйхати касоне, ки бояд дар ин рӯз муҳокима мешуданд, ҳанӯз 3-юми январи ҳамон сол аз ҷониби аъзои Президиуми КМ ВКП (б) Жданов, Молотов, Каганович ва Ворошилов тасдиқ шуда буд. Ин чунин маъно дошт, ки ҳамаи гумонбарон аллакай ба марг маҳкум шудаанд ва ҷаласаи Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии ИҶШС танҳо ба хотири иҷрои расмиёт аст.

Аз ин рӯ, ба ҷаласаи додгоҳии 25-уми январи соли 1938 низ на вакили мудофеъ даъват шуд ва на ягон шоҳид. Ҳеч гуна музокироте низ байни тарафҳо ба хотири барқарор кардани адолати додгоҳӣ сурат нагирифт.

Он рӯз барои баррасии ҳар як парванда то 15-20 дақиқа ҷудо карданд ва ҳама гумонбарон ба марг маҳкум шуданд. Дар ҳамаи ҳукмҳо гуфта шудааст, ки бояд “ҳукм фаврӣ иҷро гардад”.

Баъд аз анҷоми ҷаласа ба маҳкумшудаҳо иҷозат доданд, ки аз рӯйи ҳукми Коллегияи ҳарбӣ шикоят нависанд. Ин тактикае барои то андозае ором кардани маҳкумшудаҳо буд. Маъмулан пас аз навиштани шикоят, маҳкумшудаҳоро мепаронданд. 25-уми январи соли 1938 ҳам ин кор такрор шуд ва ҷасадҳоро дар қабристони Коммунаркаи шаҳри Маскав гӯронданд.

Тавре маълум аст, аксар роҳбарони Тоҷикистон, ки солҳои 1930 репрессия шуданд, пас аз марги Сталин “сафед” гардиданд, зеро дар ҷумҳурӣ на ягон ташкилоти аксулинқилобӣ фаъолият мекарду на ягон ташкилоти миллатчиёни буржуазӣ.

Сарпрокуратураи ҳарбии ИҶШС муайян кард, ки аксар парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба репрессияшудаҳо дар солҳои 1930 аз ҷониби кормандони НКВД сохтаву бофта шуда буданд. Лек дар миёни онҳое, ки “сафед” шуданд, номи сардори ГПУ Тоҷикистон, капитани бехатарии давлатӣ Солонитсин нест.

Номбурда баъд аз сабукдӯш шудан аз вазифа муддате дар Қӯқанд ва Ленинград, сипас дар Карелия кор кард. Ӯ дар ин ҷумҳурӣ дар вазифаи муовини кумиссари НКВД боздоштҳои умумиро ба роҳ андохта, тавассути “тройка”-ҳо одамони зиёдеро репрессия кард. Моҳи июни соли 1938 худаш боздошт шуд ва дар натиҷаи шиканҷа дар 70 саҳифа “эътироф кард”, ки ӯ “тротскист буда, ба НКВД зарар мерасонд”.

Ба бахти Солонитсин, азбаски кумиссари халқии нави НКВД ба барқарор кардани “қонунияти сотсиалистӣ” машғул буд, тобистони соли 1940 додрас иттиҳомро дар мавриди узви ташкилоти зиддиинқилобӣ будани ӯ аз парвандаи ҷиноияш бардошт. Бо вуҷуди ин, ӯро 10 сол зиндонӣ карданд. Охири моҳи декабри соли 1941 Солонитсин пеш аз муҳлат озод шуд, аммо вақте соли 1957 барои реабилитатсия ба Прокуратураи ИҶШС муроҷиат кард, дархосташ рад гардид.

“Қонунияти сотсиалистӣ

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Google: Ибораи "душмани миллат" дар матлабҳои Тоҷикистон 112 000 бор истифода шуд. ВИДЕО

Тирамоҳи соли 1938 вазъ тағйир ёфт. Лаврентий Берия моҳи сентябри ҳамон сол муовини кумиссари халқии НКВД таъйин шуда, як қатор тағйиротро дар ин ниҳод амалӣ кард. Аз ҷумла, кадрҳои асосии Ежовро, ки иҷрогари асосии репрессияҳо буданд, аз мансаб ронд. Дере нагузашта аксари онҳо ба марг маҳкум шуданд.

Баъди ба курсии кумиссари халқии НКВД-и ИҶШС такя задан, Берия дар моҳи ноябри соли 1938 фармони махсусро дар бораи риояи “қонунияти сотсиалистӣ” дар ин ниҳод содир карда, камбудҳои онро дар замони роҳбарии Ежов нишон дод.

Бо такя ба ҳамин фармони Берия, 17-уми ноябри соли 1938 СКХ-и ИҶШС ва КМ ВКП (б) “Дар бораи ҳабсҳо, назорати прокурорӣ ва бурдани тафтишот” қарор қабул карда, дар маҷмуъ, фаъолияти НКВД-ро дар солҳои 1937-38 зери роҳбарии ҳизб дуруст шумориданд. Лек дар баробари ин дар қарори мазкур таъкид шудааст, ки минбаъд бояд мубориза бо усулҳои мукаммалтар ва боэътимодтар бурда шаванд, зеро амалиёти оммавӣ, ки аз ҷониби НКВД солҳои 1937-38 анҷом дода шуда буданд, як қатор камбудӣ ва қаҷравиҳоро дар кори ин ниҳод ва системаи Прокуратура ба миён оварданд.

Аз ин рӯ, ба мақсади қатъиян бартараф кардани камбудҳо ва ташкили дурусти кори тафтишотӣ дар НКВД ва Прокуратура СКХ-и ИҶШС ва КМ ВКП(б) қарор кардаанд:

  • "Боздоштҳо бояд фақат бо қарори Додгоҳ ё иҷозаи додситон сурат бигиранд;
  • “Тройка”-и судӣ, ки бо фармонҳои махсуси НКВД-и ИҶШС таъсис ёфта буданд, барҳам дода шаванд;
  • Минбаъд тамоми парвандаҳо тибқи қонунҳои амалкунанда барои баррасӣ ба судҳо ё “ҷаласаҳои махсус”-и НКВД супорида шаванд." Ин қарор маъмурони НКВД-ро муваззаф мекард, ки боздоштҳои оммавиро манъ карда, тафтишотро фақат ба таври инфиродӣ гузаронанд.

Дар пайи қабули қарор “Дар бораи ҳабсҳо, назорати прокурорӣ ва бурдани тафтишот” шиддати репрессияҳо дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ коҳиш ёфт, аммо таъқиби баъзе қишри ҷомеа ва баъзе гурӯҳҳо то марги Сталин давом кард, аз ҷумла, дар Тоҷикистон.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.