Як падари тоҷик дар Амрико ҳавопаймои хурди омӯзишӣ харида, ба фарзандаш дарси ҳавонавардӣ медиҳад.
Тамрини ҳавонавардӣ дар Амрико харҷи зиёд дорад, вале Абдураззоқ Абдуллоев роҳи камхарҷро пайдо кардааст.
Абдураззоқ Абдуллоев, зодаи Тоҷикистон ва муқими Амрико аст.
Идораи ҳавопаймо барои ӯ як саргармӣ аст, вале писари ӯ Аҳмадҷон ҷиддан ба омӯзиши ҳавонавардӣ машғул шудааст. Ӯ тоза 17 сола мешавад, аммо аз ҳоло метавонад, ҳавопаймоеро, ки падар барояш харидааст, идора кунад. Кори падару писар пеш аз парвоз, чун халабонҳои дигар, аз санҷиши қисмҳои ҳавопаймо шурӯъ мешавад. Аҳмадҷон ҳам баробари падар дар ин кор саҳм мегузорад.
“Ҳоло ман сӯзишвории ҳавопайморо тафтиш дорам, то ин ки дар таркиби керосин об ва ё маводи дигаре набошад. Агар дар таркибаш об бошад, сӯзишворӣ рӯи замин паҳн намешавад, дар як ҷо меистад. Чун агар дар таркиби сӯзишворӣ об бошад, мурҳаррик дар ҳаво метавонад аз кор монад ва ё оташ гирад.”- гуфт, Аҳмадҷон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Дар Амрико барои ҳавонаварди касбӣ шудан кас бояд ҳади ақал 1500 соат ҳавопайморо идора ва парвоз кунад. На камтар аз сад соаташ бояд парвоз дар ҳавопаймои дорои ду муҳаррик бошад. Дар омӯзишгоҳҳои ҳавонавардии Амрико арзиши як соат парвоз ҳудуди 150 доллар нарх дорад, қиммате, ки на ҳама тавони пардохташро дорад.
Абдураззоқ Абдуллоев барои омӯзиши ҳавонавардӣ ба писараш роҳи онсонтареро пайдо кард. Ӯ ҳавопаймои “Сessna 172 skyhawk” харид ва Аҳмадҷон ҳоло молики он аст. Абдураззоқ Абдуллоев мегӯяд, “ин ҳавопаймо бештар барои омӯхтан, яъне хос барои таҷрибаомӯзӣ сохта шудааст.”
Дар Амрико танҳо баъди 17-солагӣ ба кас иҷозаи идораи ҳавопаймои хусусӣ дода мешавад. Ин санад қадами нахуст барои ба даст овардани иҷозатномаи ҳавонарварди касбӣ аст. Аҳмадҷон ният дорад, дар як моҳи оянда зинаи нахустро дар ин роҳ фатҳ кунад.
“Ман бори аввал дар 14 солагӣ ба рондани ҳавопаймо шурӯъ кардам. Аз 16 солагӣ танҳо ба идора кардани ҳавопаймо шурӯъ кардам. Ҳоло 17 сола шудам ва нақша дорам, ки давоми як моҳи оянда иҷозатнома (литсензия)-и ҳавонаварди ҳавопаймои хусусиро бигирам.”--нақл кард, Аҳмадҷон Абдуқайюмов.
Дар Тоҷикистон омӯзишгоҳ ё донишгоҳҳои ҳавонавардӣ вуҷуд надорад ва мутахассисони ин соҳа дар хориҷ омода мешаванд. Дар гузашта кӯшишҳои таъсиси мактаби хусусии ҳавонавардӣ аз сӯи як гурӯҳ ташабускорон ноком шуда буд. Аз ин рӯ ҳаваси ҳавонавард шудани бисёре аз наврасон дар кишвар танҳо орзу боқӣ мемонад.
Аҳмадҷон мегӯяд, дар Амрико бурсияҳои таҳсил барои омӯзиши ҳавонарвардӣ вуҷуд доранд, ки қисман харҷи парвоз ва таҷрибаомӯзиро ҷуброн мекунанд.