Аргентина ва Месси қаҳрамони ҷаҳон шуданд

Лионел Месси

Дастаи мунтахаби Аргентина, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар тими миллии Фаронсаро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ 2:2, замони изофа – 3:3) шикаст дод, бори сеюм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Бозии ниҳоӣ шаби якшанбеи 18-уми декабр дар варзишгоҳи “Лусаил Айконик”-и шаҳри Лусаили Қатар бо ҳузури наздики 90 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Бозиро ҳакамон бо сарварии Шимон Марчиняки лаҳистонӣ доварӣ карданд.

Нимаи аввали дидор бо бартарии аргентиниҳо сурат гирифт, онҳо бо сарварии ҳамлагар Лионел Месси пайваста ҳуҷум мекарданд. Дар натиҷа ба футболозони кишвари Амрикои Лотинӣ муяссар шуд, ки ду гол ба самар расонанд.

Сардовари бозӣ Марчиняк барои он ки бозигари фаронсавиҳо Дембеле дар ҷаримагоҳ Ангел Ди Марияро афтонд, пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро дар дақиқаи 23-юм Месси ба нишон расонд. Баъдан ҳуҷуми ҷавобии аргентиниҳо боз бо гол анҷомид. Тӯбро дар дақиқаи 36-ум Ангел Ди Мария аз масофаи наздик ба дарвоза ворид кард. Дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мунтахаби Аргентина ба танаффус баромаданд.

Килиан Мбаппе

Нимаи дуюми бозӣ тамоман ранги дигар гирифт. Фаронсавиҳо, ки хеле фаъол шуданд, тавонистанд ба дарвозаи аргентиниҳо ду гол зада, ҳисобро баробар намоянд. Ҳамлагар Килиан Мбаппе дар дақиқаи 80-ум аз пеналти ҳисобро тағйир дод. Баъди як дақиқа ӯ голи дуюмро ба самар расонд. Ҳисоб баробар шуд – 2:2. Ба замони асосии бозӣ ҳашт дақиқа илова гардид, аммо ҳисоб тағйир наёфт.

Бар асоси дастури мусобиқот 30 дақиқа замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) таъйин шуд. Дар дақиқаи 108-ум Месси боз дастаашро ба пеш баровард – 3:2. Баъди даҳ дақиқа ба Мбаппе муяссар шуд, ки аз пеналти ҳисобро баробар намояд – 3:3. Мбаппе бо се голи дар ин бозӣ задааш хет-трик кард.

Дастаи ғолиб – қаҳрамони нави ҷаҳон аз рӯи силсилаи пеналти муайян шуд. Ҳарчор зарбаи аргентиниҳо (аввалинашро Месси зад) ба нишон расид, вале фаронсавиҳо танҳо ду гол заданд (аввалинашро Мбаппе бе хато зад). Ҳамин тариқ, мунтахаби Аргентина аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022:

Финал

Аргентина – Фаронса – 2:2, замони изофа – 3:3, силсилаи пеналти – 4:2

Аргентина: Э. Мартинес – Молина (Монтел, 91), Ромеро, Отаменди, Таляфико (Дибала, 120+1) – Де Пол (Паредес, 103), Энсо Фернандес, Мак Аллистер (Петселла, 116) – Месси (к), Алварес (Л. Мартинес, 103), Ди Мария (Акуня, 64).

Фаронса: Лорис (к) – Кунде (Дисаси, 120+1), Варан (Конате, 113), Упамекано, Тео Эрнандес (Камавинга, 71) – Гризманн (Коман, 71), Тчуамени, Рабйо (Фофана, 96) – Дембеле (Коло Муани, 41), Жиру (Тюрам, 41), Мбаппе.

Голҳо: Месси, 23, аз пеналти (1:0); Ди Мария, 36 (2:0); Мбаппе, 80, аз пеналти (2:1), 81 (2:2); Месси, 109 (3:2); Мбаппе, 118 (3:3).

Силсилаи пеналти: Мбаппе – 0:1; Месси – 1:1; Коман – 1:1 (дарвозабон баргардонд); Дибала – 2:1; Тчуамени – 2:1 (хато зад); Паредес – 3:1; Коло Муани – 3:2; Монтел – 4:2.

Огоҳӣ: Энсо Фернандес, 45+7; Акуня, 90+8; Паредес, 114 / Рабйо, 55; Тюрам, 87; Жиру, 90+5 (дар ҷойгоҳи бозигарони эҳтиётӣ); Монтел, 117.

Сардовар: Шимон Марчиняк (Лаҳистон)

18-уми декабр. Лусаил. «Лусаил Айконик». 88 966 тамошобин.

Ба ин тартиб, мунтахаби Аргентина, ки бори шашум дар финали қаҳрамонии ҷаҳон бозӣ кард, се бор – солҳои 1978, 1986 ва 2022 - Ҷоми ҷаҳонӣ ва медалҳои тилои мусобиқотро ба даст овардааст. Дар муваффақияти имсолаи дастаи мунтахаб саҳми сармураббӣ Лионел Скалони бузург аст.

Мунтахаби Фаронса бо роҳбарии сармураббӣ Дидйе Дешам ҳарчанд кӯшиши зиёд кард, натавонист унвони қаҳрамони ҷаҳонро нигоҳ дорад. Қаблан фаронсавиҳо солҳои 1998 ва 2018 Ҷоми ҷаҳониро соҳиб шуда буданд.

Ба дастаи Аргентина, ки дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар ғолиб шуд, Ҷоми қаҳрамонӣ, медалҳои тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 42 миллион доллари ИМА тақдим гардид. Ба дастаи Фаронса, ки ҷойи дуюмро гирифт, медалҳои нуқра ва 30 миллион доллар сурпурда шуд.

Ба дастаи мунтахаби Хорватия, ки 17-уми декабр дар бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар тими миллии Марокашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, медалҳои биринҷӣ ва 27 миллион доллар тақдим гардид. Марокашиҳо барои ҷойи чаҳорум 25 миллион доллар гирифтанд.

Дастаи мунтахаби Хорватия бо роҳбарии сармураббӣ Златко Далич дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар бори дуюм дар таърихи худ барандаи медалҳои биринҷии мусобиқот гардид. Аз ин пеш хорватҳо дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 2018 медалҳои нуқра ва соли 1998 медалҳои биринҷии мусобиқотро ба даст оварда буданд.

Мунтахаби Марокаш бошад, бо роҳбарии Валид Реграгӣ дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатар ҷойи чаҳорумро соҳиб шуд, ки ин натиҷа дастоварди бузургест барои ҳам марокашиҳо ва ҳам футболи қораи Африқо. Зеро дар таърихи қаҳрамонии ҷаҳон Марокаш ягона тими миллӣ аз ин қора аст, ки бори аввал ба нимфинал баромада, ҳамчунин барои медалҳои биринҷии мусобиқот талош кард. Ин дастаро метавон бозёфти Ҷоми ҷаҳонӣ номид, ки ба он на танҳо дар Марокашу қораи Африқо ва кишварҳои арабӣ, балки дар тамоми ҷаҳон миллионҳо ҳаводорони футбол мухлисӣ карданд.

Дар рӯйхати беҳтарин нишозанҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе бо 8 голи задааш, ки дутоаш аз пеналти мебошад, мақоми аввалро касб намуд.

Аргентинӣ Лионел Месси 7 гол задааст, ки 4-тоаш аз пеналти мебошад. Ӯ дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Хулиан Алвареси аргентинӣ ва Оливйе Жируи фаронсавӣ бо чаҳорголӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро касб карданд.

Дарвоқеъ, ҳамлагари 35-сола Лионел Месси, ки дар муддати фаъолияти варзишиаш ба дастовардҳои бузург мушарраф шудааст, аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Дар маросими ҷоизасупории ФИФА, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «Лусаил Айконик» баргузор шуд, ба беҳтаринҳо ҷоизаҳо тақдим гардид. Ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» насиби Лионел Месси шуд. Ӯ дар таърих аввалин футболбозест, ки ду бор ин ҷоизаро ба даст овардааст. Аз ин пеш ҷоизаи «Тӯби тилоӣ»-ро Месси дар қаҳрамони ҷаҳон соли 2014 ба даст оварда буд. Месси беҳтарин бозигари қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар гардид.

Ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе ҳамчун нишонзани беҳтарини мусобиқот дар Қатар бо «Бутсии тилоӣ» («Пойафзоли тилоӣ») сарфароз гашт. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабон ба Эмилиано Мартинес аз мунтахаби Аргентина супурда шуд.

Ҳамин тариқ, Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар, ки бо ширкати 32 дастаи мунтахаб 20-уми ноябр шуруъ шуда буд, 18-уми декабр ба поён расид. Ҳамаи 64 бозӣ доир гардид. Ҳисоби бузургтарин дар мусобиқоти имсола дар бозии марҳилаи гурӯҳӣ миёни дастаҳои Испания ва Коста-Рика (7:0) мушоҳида шуд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Ғана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Натоиҷи бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар Эквадор 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2

Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон 0:0

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон 1:2

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0

Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ 0:0

Гурӯҳи H. Португалия – Ғана 3:2

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон – 0:2

Гурӯҳи А. Қатар Сенегал 1:3

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 1:1

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 0:0

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия – 0:1

Гурӯҳи С. Лаҳистон Арабистони Саудӣ – 2:0

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 2:1

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 2:0

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика – 0:1

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш – 0:2

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада – 4:1

Гурӯҳи E. Испания – Олмон – 1:1

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 3:3

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ Ғана 2:3

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария – 1:0

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай – 2:0

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал – 1:2

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар 2:0

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА – 0:1

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия – 3:0

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания – 1:0

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса – 1:0

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика – 1:2

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина 0:2

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 1:2

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 0:0

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 2:4

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 2:1

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Ғана Уругвай 0:2

Гурӯҳи H. Португалия – Кореяи Ҷанубӣ 1:2

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария – 2:3

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 1:0

Натоиҷи бозиҳои 1/8-финалӣ

3 декабр, шанбе
1 - Нидерланд - ИМА – 3:1
2 - Аргентина - Австралия – 2:1

4 декабр, якшанбе
3 - Фаронса - Лаҳистон 3:1
4 - Англия - Сенегал 3:0

5 декабр, душанбе
5 - Ҷопон - Хорватия 1:1, аз рӯи пеналти 1:3
6 - Бразилия – Кореяи Ҷанубӣ - 4:1

6 декабр, сешанбе
7 - Марокаш - Испания – 0:0, аз рӯи пеналти 3:0
8 - Португалия - Швейтсария – 6:1

1/4 финал

9 декабр, ҷумъа

Чорякфинали 1: Хорватия - Бразилия – 1:1, аз рӯи пеналти – 4:2
Чорякфинали 2: Нидерланд - Аргентина - 2:2, аз рӯи пеналти – 3:4

10 декабр, шанбе

Чорякфинали 3: Марокаш – Португалия – 1:0
Чорякфинали 4: Фаронса - Англия – 2:1

1/2 финал

13 декабр, сешанбе

Нимфинали 1: АргентинаХорватия – 3:0

14 декабр, чоршанбе

Нимфинали 2: Фаронса - Марокаш – 2:0

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр, шанбе

Хорватия Марокаш – 2:1

ФИНАЛ

18 декабр, якшанбе

Аргентина – Фаронса 3:3 (4:2 – аз рӯи пеналти)

Дастаҳое, ки ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд:

Бразилия (5 бор): 1958, 1962, 1970, 1994, 2002;

Италия (4 бор): 1934, 1938, 1982, 2006;

Олмон (4 бор): 1954, 1974, 1990, 2014;

Аргентина (3 бор): 1978, 1986, 2022;

Уругвай (2 бор): 1930, 1950;

Фаронса (2 бор): 1998, 2018;

Англия (1 бор): 1966;

Испания (1 бор): 2010.