Ҷоми Ҷаҳонӣ. Ба оғӯш кашидани модарон чӣ маъно дошт?

Футболбозӣ марокашӣ пас аз ғалаба модари худро ба оғӯш мекашад.

Саъдӣ Юсуфӣ, рӯзноманигор ва таҳлилгар

Пирӯзиҳои худро футболбозони марокашӣ дар Ҷоми Ҷаҳонӣ-2022 бо рухбусиву оғушкашии волидайнашон дар майдони футбол ҷашн гирифтанд.

Ан-насирӣ бо модараш дохили майдони футбол рақси зебое кард, ки ба нуқли маҳфилҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба шумули бахши тоҷикии Фейсбук табдил шуд. Корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон, низ аз он истиқболи гарме карданд.

Дар кул эҳтиром ба волидайн аз тарафи марокашиҳо инъикоси хабарии густурдае дошт. Нақли қавле аз шореҳи футбол аз Олмон даст ба даст мешавад, ки зимни таҳсини марокашиҳо дар шабакаҳо, гуфтааст: “эҳтироми волидайн дар ҷавомеи ғарбӣ коста шудааст. Варзишгарони мо пирӯзиҳои худро бо маъшуқаҳояшон дар ҳоле ҷашн мегиранд, ки волидайнашон дар хонаҳои пиронсолонанд. Мо ба марокашиҳо футбол ёд додем ва акнун вақташ ҳаст, аз онҳо эҳтироми модару падар биёмузем.”

Ин иттифоқ арҷгузории нав ба арзишҳо дар футбол аз тарафи мусулмонҳо ҳаст. То бозиҳои футбол дар Қатар бозигарони мусулмон бо задани гол сар ба замин бурда саҷдаи шукр ба ҷо меоварданд. Акнун бо шодишарикӣ бо волидайн он ҳам ҷилави чашми тамошогарону пеши чашми дурбинҳои ҷаҳон. Аҷаб нест, ки ин кор дар оянда густариши бештар ёбад. На танҳо ин, балки бо пешравиҳояшон дар варзиш, мусулмонҳо арҷгузориҳои дигареро дар майдони футболу дигар варзишҳо дар оянда низ муаррифӣ хоҳанд кард.

Бо тааммул дар рафтори варзишгарони мусулмон дармеёбем, ки онҳо дар маҷмуъ ва аз кишварҳои мухталиф иртибототи қавии хонаводагияшонро низ барҷаста мекунанд. Агар дар ғарби ҷаҳони ислом марокашиҳо дар футбол ба волидайнашон арҷ гузошта бошанд, дар шарқи он ва бахусус дар кишвари мо ҳам ин арҷгузорӣ каме пештар мушоҳида шуда буд, агарчӣ инъикоси хабарӣ ва расонаӣ камтар дошт.

Гурзандози маъруфи мо, Дилшод Назаров, замоне ба қаҳрамонӣ расид, футболкаеро бо акси падар ва навиштаҷоти русӣ ба бар кард, ки баёнгари эҳтирому ишқи ӯ ба қиблагоҳаш буд. Падарашро Дилшод дар ҷанги шаҳрвандӣ аз даст дода, тамоми муддат ҷойи холияшро дар зиндагӣ ҳис мекардааст. Инҷо буд, ки бо ёду номи ӯ ба сакуи қаҳрамонӣ рафту медали зарин ба гардан овехт.

Агар ба варзишгарони қавқозӣ ҳам назаре биандозем хоҳем дид, ки бо қаҳрамон шудани Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ҷангҳои омехта, падараш ҳам шуҳраи офоқ шуд. Дар мулоқот бо Путин - кишвардори Русия, Ҳабиб танҳо нарафт, балки бо падараш дида шуд. Оқои Путин бо дарки иртибототи хонаводагии мусулмонҳо шӯхиомез аз раҳмати падари Ҳабиб хост, ки ба хотири вайрон кардани тартибот баъди набард дар ИМА, Ҳабибро ҷазои сахт надиҳад. Ҳабиб дар набарди охиронаш дар Дубай, баъди пирӯзӣ, ба саҷда рафту зор-зор гирист. Ҳама медонистанд, ки ба ёди кисту дар фироқи кӣ.

Эҳиром ба волидайн дар миёни мусулмонҳо реша дар таълимоти мазҳаби онон дорад. Мусулмонҳо боварманданд, ки арҷгузорӣ ба волидайн боиси муваффақият дар ду ҷаҳон мешавад. Хеле аз тасмимҳои муҳими зиндагиро фарзандон бо маслиҳату дуои волидайн мегиранд. Ризояту хушнудии волидайн, хушнудиву ризояти Парвардигор дониста мешавад.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.