Дастаи мунтахаби Хорватия, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҷоми ҷаҳонии футбол тими миллии Марокаш ё Мағрибро ба ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори дуюм дар таърихи худ барандаи медали биринҷии мусобиқот гардид. Бозӣ шаби 17-уми декабр гузашт.
Дар аввали бозӣ, дар дақиқаи ҳафтум, ҳимоятгар Йошко Гвардиол тӯбро бо зарбаи сар ба дарвоза равон кард - 1:0. Пас аз ду дақиқа марокашиҳо ҳисобро баробар намуданд. Голро ҳимоятгар Ашраф Дарӣ ба самар расонд. Дар дақиқаи 42-юм хорватҳо боз пешқадам гаштанд. Тӯби аз масофаи дур задаи Мислав Оршич ба дарвоза ворид шуд – 2:1.
Дар нимаи дуюм ҳисоб тағйир наёфт. Зимнан, дар ҷараёни бозӣ сардовар як қарори баҳсбарангез баровард, ки Йошко Гвардиоларо афтонданд, вале ӯ ба дарвозаи марокашиҳо пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ таъйин накард.
Аз ин пеш мунтахаби Хорватия дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 2018 медали нуқра ва соли 1998 медали биринҷии мусобиқотро ба даст оварда буд.
Мунтахаби Марокаш дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатар ҷойи чаҳорумро гирифт, ки ин натиҷа дастоварди бузургест барои ҳам марокашиҳо ва ҳам футболи қораи Африқо. Зеро дар таърихи қаҳрамонии ҷаҳон Марокаш ягона тими миллӣ аз ин қора аст, ки бори аввал ба нимфинал баромада, ҳамчунин барои медалҳои мусобиқот талош кард.
ҶОМИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ-2022 ДАР ҚАТАР:
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Хорватия – Марокаш – 2:1
Голҳо: Йошко Гвардиол, 7 (1:0), Ашраф Дарӣ, 9 (1:1), Мислав Оршич, 42 (2:1)
17-уми декабр. Давҳа. Варзишгоҳи байналмилалии Халифа.
Дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар, ки рӯзи 18-уми декабр доир мегардад, дастаи мунтахаби Аргентина ва тими миллии Фаронса барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои тило мубориза мебаранд.
Дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Аргентина бори охир дар бозии расмӣ соли 2018 дар ҳаштякфинали қаҳрамонии ҷаҳон дар Русия рӯбарӯ шуда буданд. Он замон фаронсавиҳо дар муборизаи шадид бо ҳисоби 4:3 пирӯз гаштанд.
Ҳамакнун фаронсавиҳо имкон доранд, ки бори дуюм пайиҳам ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёбанд. Ба чунин дастовард дар таърихи қаҳрамонии ҷаҳон ду даста муваффақ шуда буданд - Италия (солҳои 1934 ва 1938) ва Бразилия (солҳои 1958 ва 1962).
Мунтахаби Аргентина бори шашум дар финали қаҳрамонии ҷаҳон ширкат меварзад ва ду бор – солҳои 1978 ва 1986 - Ҷоми ҷаҳонӣ ва медали тилои мусобиқотро ба даст овардааст.
Ба дастае, ки дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар ғолиб мешавад, ҷоизаи молӣ ба маблағи 42 миллион доллар тақдим мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дуюмро мегирад, 30 миллион доллар супурда хоҳад шуд. Дастаи мунтахаби Хорватия барои ҷойи сеюм дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар 27 миллион доллар ва тими миллии Марокаш барои ҷойи чаҳорум 25 миллион доллар мегиранд.
Дар рӯйхати беҳтарин нишозанҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе бо 5 голи задааш дар мақоми аввал аст. Аргентинӣ Лионел Месси низ 5 гол задааст, ки сетоаш аз пеналти мебошад. Ӯ дар ҷойи дуюм қарор дорад. Хулиан Алвареси аргентинӣ ва Оливйе Жируи фаронсавӣ бо чаҳорголӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро касб кардаанд.
Дарвоқеъ, ҳамлагари 35-сола Лионел Месси, ки дар муддати фаъолияти варзишиаш ба дастовардҳои бузург мушарраф шудааст, орзу дорад аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёбад.
Ҳамин тариқ, дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар аз 64 бозӣ танҳо як бозии дигар ва асосию ҳалкунанда мондааст. Ҳисоби бузургтарин дар мусобиқоти имсола дар бозии марҳилаи гурӯҳӣ миёни дастаҳои Испания ва Коста-Рика (7:0) мушоҳида шуд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки бо ширкати 32 дастаи мунтахаб 20-уми ноябр шуруъ шуда буд, 18-уми декабр бо бозии ниҳоӣ ба поён мерасад.
ҶОМИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ-2022 ДАР ҚАТАР:
Таркиби гурӯҳҳо:
гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;
гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;
гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);
гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;
гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;
гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;
гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;
гурӯҳи H - Португалия, Ғана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.
НАТОИҶИ БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ:
20 ноябр, якшанбе
Гурӯҳи А. Қатар – Эквадор – 0:2
21 ноябр, душанбе
Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2
Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2
Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1
22 ноябр, сешанбе
Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2
Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0
Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон – 0:0
Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1
23 ноябр, чоршанбе
Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0
Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон – 1:2
Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0
Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0
24 ноябр, панҷшанбе
Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0
Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ − 0:0
Гурӯҳи H. Португалия – Ғана − 3:2
Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0
25 ноябр, ҷумъа
Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон – 0:2
Гурӯҳи А. Қатар – Сенегал − 1:3
Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 1:1
Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 0:0
26 ноябр, шанбе
Гурӯҳи D. Тунис – Австралия – 0:1
Гурӯҳи С. Лаҳистон – Арабистони Саудӣ – 2:0
Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 2:1
Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 2:0
27 ноябр, якшанбе
Гурӯҳи E. Ҷопон – Коста-Рика – 0:1
Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш – 0:2
Гурӯҳи F. Хорватия – Канада – 4:1
Гурӯҳи E. Испания – Олмон – 1:1
28 ноябр, душанбе
Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 3:3
Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Ғана − 2:3
Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария – 1:0
Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай – 2:0
29 ноябр, сешанбе
Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал – 1:2
Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар – 2:0
Гурӯҳи B. Эрон – ИМА – 0:1
Гурӯҳи B. Уэлс – Англия – 3:0
30 ноябр, чоршанбе
Гурӯҳи D. Австралия – Дания – 1:0
Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса – 1:0
Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика – 1:2
Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина – 0:2
1 декабр, панҷшанбе
Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 1:2
Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 0:0
Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 2:4
Гурӯҳи E. Ҷопон – Испания − 2:1
2 декабр, ҷумъа
Гурӯҳи H. Ғана – Уругвай − 0:2
Гурӯҳи H. Португалия – Кореяи Ҷанубӣ − 1:2
Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария – 2:3
Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 1:0
Натоиҷи бозиҳои 1/8-финалӣ
3 декабр, шанбе
1 - Нидерланд - ИМА – 3:1
2 - Аргентина - Австралия – 2:1
4 декабр, якшанбе
3 - Фаронса - Лаҳистон – 3:1
4 - Англия - Сенегал – 3:0
5 декабр, душанбе
5 - Ҷопон - Хорватия – 1:1, аз рӯи пеналти – 1:3
6 - Бразилия – Кореяи Ҷанубӣ - 4:1
6 декабр, сешанбе
7 - Марокаш - Испания – 0:0, аз рӯи пеналти – 3:0
8 - Португалия - Швейтсария – 6:1
1/4 финал
9 декабр, ҷумъа
Чорякфинали 1: Хорватия - Бразилия – 1:1, аз рӯи пеналти – 4:2
Чорякфинали 2: Нидерланд - Аргентина - 2:2, аз рӯи пеналти – 3:4
10 декабр, шанбе
Чорякфинали 3: Марокаш – Португалия – 1:0
Чорякфинали 4: Фаронса - Англия – 2:1
1/2 финал
13 декабр, сешанбе
Нимфинали 1: Аргентина – Хорватия – 3:0
14 декабр, чоршанбе
Нимфинали 2: Фаронса - Марокаш – 2:0
Бозӣ барои ҷои 3-юм:
17 декабр, шанбе
Хорватия – Марокаш – 2:1
ФИНАЛ
18 декабр, якшанбе
Аргентина – Фаронса (20:00 - ба вақти Душанбе).